Ҷоиз будани тавассул аз Қуръон



 

1-Дар тафсири ин ояти шарифа

"ولما جاءهم كتاب من عندالله مصدق لما معهم وكانوا من قبل يستفتحون على الذين كفروا فلما جاءهم ما عرفوا كفروا به فلعنة الله على الكافرين".

«Ҳангоме, ки аз тарафи Худо китобе ба онҳо нозил шуд, ки тасдиқкунандаи китоби онҳо аст ва онҳо худ пеш аз ин (ба василаи ў) бар куффор пирўзӣ меҷўстанд ҳоло, ки ҳамон шинохтаи онҳо ба наздашон омада, ба он кофир шуданд. Пас лаънати Худо бар кофирон бод». Сураи Бақара-89.

Муҳаддисон ва муфассирон дар тафсири ин оят, ривоят кардаанд, ки: “Яҳуди Мадина ва Хайбар пеш аз беъсат ҳаргоҳ бо ҳамсоягони араб ва мушрики худ аз қабилаҳои Авсу Хазраҷ ва ғайри онҳо меҷангиданд ба номи Расули Худо «саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ», ки дар Таврот ёфта буданд бар онҳо талаби ёрӣ ва пирўзӣ мекарданд ва пирўз мешуданд ва бар зидди куффор дуо мекарданд ва мегуфтанд: Худоё ба ҳаққи набии уммӣ аз ту мехоҳем, ки моро бар онҳо пирўз гардонӣ. Ё мегуфтанд: Парвардигоро! Ба номи паёмбарат моро бар онҳо пирўз гардон...”.[1]

Вале ҳангоме, ки Қуръон, ки тасдиқкунандаи Тавроту Инҷил аст, ба василаи ҳамон касе, ки ба хубӣ ва бешак ўро мешинохтанд яъне ҳазрати Муҳаммад «саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ» ба сўяшон омад, ба он ҳазрат кофир шуданд, чун ў аз Бани Исроил (аз насли ҳазрати Яъқуб) набуд».

Дар ҳадисе, ки Ибни Абиҳотам ва баъзеи дигарон нақл кардаанд, се нафар аз саҳоба ба мутавассил шудани яҳудиён бар Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ гувоҳӣ додаанд, ки шумо қабл аз беъсати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ба василаи он ҳазрат талаби пирўзӣ мекардед, пас чаро акнун  имон намеоваред? Ва он се нафар иборатанд аз: Маоз ибни Ҷабал, Бушр ибни Барроъ ва Довуд ибни Салама.

Ин хабар аз Ибни Аббос бо чаҳор санад ва аз Рабиъ, Қутода ва дигарон нақл шудааст.

Ишора мекунем, ки ду гуна ҳадис дар бораи ин оят ворид шуда, ки дар дуввуми гўё яҳуд ин гуна дуо мекарданд: Худоё он паёмбаратро зудтар ба мо бирасон, то мо ҳамроҳи ў бо ин мушрикон биҷангем ва пирўз шавем.

Вале ин ҳадисе, ки мо нақл кардем дурусттар хоҳад буд, чун ин ҳадисро бештари муҳаддисон нақл кардаанд ва санадҳои бештаре дорад.

2-Ояти дуввум: Худованди Мутаол мефармояд:

"...ولو أنهم إذ ظلموا أنفسهم جاءوك فاستغفروا الله واستغفر لهم الرسول لوجدوا الله توابا رحيما".



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 next