Бернард Шоу: “Муҳаммад (с), олитарин марде буд, ки рӯи замин по гузоштааст”



Ҷорҷ Бернард Шоу, нависандаи маъруфи ирландӣ, дар бораи Паёмбари Акрам (с) мегӯяд: “Ӯро бояд мунҷии башарият хонд... Ӯ олитарин марде буд, ки рӯи замин по гузоштааст.”

Сохт ва пахши филме бас иҳонатомез ба соҳати муқаддаси Паёмбари Акрам (с) дар ғарб, ҳаргиз нишондиҳандаи дидгоҳи ҳамаи ғарбиён дар бораи он бузургвор (с) - ва куллан ойини ислом - нест. Дар ҷаҳони ғарб ҳамеша донишмандон ва шахсиятҳои боинсофе буданд, ки нигоҳе воқеъбинона ба ҷойгоҳ ва мақоми волои он ҳазрат (с) дошта ва доранд. Дар ин навиштор, бар он шудем, то порае аз дидгоҳҳо ва назароти бархе аз бузургони ғайримусалмон роҷеъ ба Паёмбари Акрам (с)-ро пешкаши хонандагони азиз бикунем.

Гёте

Иоҳан Волфганг фон Гёте (Johann Wolfgang von Goethe), шоири пуровозаи олмонӣ, пас аз ошноӣ бо дини ислом ва паёмовари ин ойини муқаддас, қитъаи шеъре бо унвони «Нағмаи Муҳаммад (с)» дар бораи Паёмбари Аъзам (с) суруд. Ин қитъаи шеър, аз забони наздиктарин хешони Паёмбар; яъне ҳазрати Алӣ (а) ва ҳазрати Фотима (а) гуфта мешавад. Гёте дар шеъраш, ҳамаи мароҳил ва мақотеъи даъвати Расули Акрам (с) ва роҳнамоияш дар миёни мардумро ба забони тавсиф, ташбеҳ ва нумод меоварад.

Поёни шеър, бо эътиқод ва имони ин шоири олмонӣ ба маъод ва ҷаҳони азалӣ ва ҳамчунин яқини вай ба пирӯзии рисолати Паёмбари Аъзам (с) ҳамроҳ аст. Инак, қисмате аз шеъри «Нағмаи Муҳаммад (с)»-ро меоварем:

«Бингар бад-он чашма

Ҳамон ки аз кӯҳсорон меҷӯшад

Чӣ бо тароват ва шод

Ва метаровад басон чашмони ситорагон, он гоҳ ки медурахшанд

Ва бо вуруде пешвогуна ва роҳбар



1 2 3 next