Дидгоҳи баъзе аз уламои исломӣ роҷеъ ба ҷашни мавлуд



Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ба муносибати вилодати паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с)

Ҳофиз Ҷалолуддини Суютӣ

Ҳофиз Ҷалолуддини Суютӣ, ки бузургӣ ва азамати ин олими вораста барои касе пӯшида нест, рисолае дорад ба унвони Ҳуснул-мақсад фи амалил-мавлид. Ӯ дар ин рисола аз ҷумла мегӯяд: “Суоле бароям доданд дар бораи мавлуди набавӣ дар моҳи Рабиул-аввал, ки ҳукми он аз назари шариат чист? Ҷавоби ман чунин аст:

Ҷашн гирифтани мавлуди паёмбар (с), ки мардум дар он рӯз гирд меоянд, аз Қуръон ҳар он чи муяссар аст тиловат мекунанд, ахбори ворида дар оғози беъсати паёмбар (с) ва он чи аз нишонаҳо ва мӯъҷизот, ки дар рӯзи таваллуди он ҷаноб (с) воқеъ шудааст-ро мехонанд, сипас барояшон таом пешкаш мешавад ва ҳамагон онро тановул менамоянд, чунин аъмоле бидуни зиёдати чизе дигар, аз навъи бидъати ҳасана аст, ки анҷомдиҳандаи он савоб мебарад, чун дар ин аъмол, бузургдошт ва таъзими қадру манзилати ҳазрати паёмбар (с) ва изҳори хушҳолӣ аз вилодати он ҷаноб (с) нуҳуфта аст”. (Ал-ҳовӣ лил-фатово 1/189-197).

Аҳмад ибни Муҳаммади Қасталонӣ

Қасталонӣ мегӯяд: “Аҳли ислом ҳамвора дар моҳе, ки ҳазрати паёмбар (с) дар он таваллуд ёфтааст гирди ҳам меоянд, валимаҳо баргузор мекунанд, анвои садақот барои бенавоён медиҳанд, хушҳолӣ менамоянд, қасидаи мавлуди шарифро мехонанд, ва он гоҳ аз каромоти он рӯз барояшон фазлу баракоти зиёде зоҳир мешавад... Пас, раҳмати Худо бод бар он марде, ки айёми моҳи мавлуди муборакро ид мегирад!” (Ал-мавоҳибул-ладунийя 1/148).

Абушомаи Мақдисӣ

Абушомаи Мақдисӣ мегӯяд: “Аз некӯтарин бидъатҳои ҳасана, ки дар замони мо одат гардидааст, ҷашни мавлуд аст, ки дар рӯзи таваллуди ҳазрати паёмбар (с) мӯъминон анҷом медиҳанд; садақаҳо мебахшанд ва хушҳолӣ мекунанд. Бешак, дар ин амал, илова бар эҳсон бар фуқаро, навъе изҳори муҳаббат ба ҳазрати паёмбар (с) нишон дода мешавад”. (Сираи Ҳалабӣ 1/83-84).

Ибни Уббод



1 next