Нубувват бо Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) поён ёфтDeprecated: Function eregi_replace() is deprecated in /home/tajalshia/public_html/page.php on line 99 Deprecated: Function split() is deprecated in /home/tajalshia/public_html/page.php on line 103 Пурсишҳо Зуҳури дини Ислом ҳамроҳ аст бо эъломи ҷовидонагии он ва поён ёфтани дафтари нубувват. Мусулмонон ҳамвора хатми нубувватро як амри воқеъшуда донистаанд. Ҳеҷ гоҳ барои онҳо ин масъала матраҳ набуда, ки пас аз ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) пайғамбари дигаре хоҳад омад ё на? Қуръони Карим бо сароҳат поён ёфтани нубувватро эълом кардааст. Дар ояти 40 сураи Аҳзоб чунин мехонем: مَّا كَانَ مُحَمَّدٌ أَبَا أَحَدٍ مِّن رِّجَالِكُمْ وَلَكِن رَّسُولَ اللَّهِ وَخَاتَمَ النَّبِيِّينَ... “Муҳаммад падари ҳеҷ як аз мардони шумо нест. Ҳамоно ў фиристодаи Худо ва хотами паёмбарон (яъне поёндиҳандаи паёмбарон) аст”.[1] Пайғамбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) хитоб ба Алӣ мефармояд: “Эй Алӣ! Оё намеписандӣ, ки нисбати ту бо ман, ҳамонанди нисбати Ҳорун бошад ба Мўсо, ҷуз ин ки паёмбаре баъди ман вуҷуд надорад?”[2] Дар миёни мусулмонон андешаи зуҳури пайғамбари дигар баъд аз Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), монанди инкори ягонагии Худо ё инкори қиёмат мебошад. Талош ва кўшише, ки дар миёни донишмандони исломӣ дар ин замина ба амал омадааст, танҳо дар ин ҷиҳат буда, ки мехостаанд ба умқи ин андеша пай бубаранд ва рози хатми нубувватро кашф кунанд. Ваҳй дарёфти роҳнамоиест аз роҳи иттисоли замир ба ғайб ва малакут. Набӣ василаи иртиботиест миёни соири инсонҳо ва ҷаҳони дигар ва дар ҳақиқат пулест миёни ҷаҳони инсонҳо ва ҷаҳони ғайб. Нубувват аз ҷанбаи шахсӣ ва фардӣ мазҳари густариш ва тараққии шахсияти руҳонии як фарди инсон аст ва аз ҷанбаи умумӣ паёми илоҳист барои инсонҳо ба манзури раҳбарии онҳо, ки ба василаи як фард ба дигарон иблоғ мегардад.
|