Башорат ба Муҳаммад (cаллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)



Паёмбари Акрам (cаллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бар яҳуду насоро чунин эҳтиҷоҷ менамуд, ки башорат ба ў дар китоби Аҳдайн (Таврот ва Инҷил) омадааст ва ҳазрати Мўсо ва Исо (Алайҳимас салом) паёмбарии ўро мужда додаанд ва мегуфт, ки агар аҳли китоб ба китобҳояшон − ҳатто баъд аз таҳриф шуданаш − муроҷеа кунанд, он башоратҳоро пайдо хоҳанд кард. Дар Қуръони Карим омадааст:

الَّذِينَ آتَيْنَاهُمُ الْكِتَابَ يَعْرِفُونَهُ كَمَا يَعْرِفُونَ أَبْنَاءهُمْ وَإِنَّ فَرِيقاً مِّنْهُمْ لَيَكْتُمُونَ الْحَقَّ وَهُمْ يَعْلَمُونَ.

“Гурўҳе, ки Мо бар онҳо китоб фиристодем (яъне аҳли китоб), Муҳаммад (cаллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)−ро ба хубӣ мешиносанд ба он гуна, ки фарзандони худро мешиносанд, вале гурўҳе аз онон аз роҳи инод ҳақро пинҳон мекунанд дар сурате, ки илм ба он доранд”.[1]

Ва ҳам омадааст:

الَّذِينَ يَتَّبِعُونَ الرَّسُولَ النَّبِيَّ الأُمِّيَّ الَّذِي يَجِدُونَهُ مَكْتُوبًا عِندَهُمْ فِي التَّوْرَاةِ وَالإِنْجِيلِ يَأْمُرُهُم بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَاهُمْ عَنِ الْمُنكَرِ وَيُحِلُّ لَهُمُ الطَّيِّبَاتِ وَيُحَرِّمُ عَلَيْهِمُ الْخَبَآئِثَ  ...

“Онон, ки пайравӣ кунанд аз Расули Худо (cаллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва пайғамбари уммӣ (дарснахонда), ки дар Таврот ва Инҷиле, ки дар дасти онҳост (ному нишонашро ва авсофашро) нигошта мебинанд (ки он Расул) онҳоро амр ба ҳар некӣ ва наҳй аз ҳар зиштӣ хоҳад кард...”[2]

Ва ҳам дар Қуръон омадааст:

وَإِذْ قَالَ عِيسَى ابْنُ مَرْيَمَ يَا بَنِي إِسْرَائِيلَ إِنِّي رَسُولُ اللَّهِ إِلَيْكُم مُّصَدِّقًا لِّمَا بَيْنَ يَدَيَّ مِنَ التَّوْرَاةِ وَمُبَشِّرًا بِرَسُولٍ يَأْتِي مِن بَعْدِي اسْمُهُ أَحْمَدُ فَلَمَّا جَاءهُم بِالْبَيِّنَاتِ قَالُوا هَذَا سِحْرٌ مُّبِينٌ.

“Ва ёд ор ҳангоме, ки Исо ибни Марям ба Бани Исроил гуфт: Ман ҳамоно расули Худо ба сўи шумо ҳастам ва ҳаққонияти китоби Тавротро, ки дар баробари ман аст тасдиқ мекунам ва низ шуморо мужда медиҳам, ки баъд аз ман расули бузургворе, ки номаш Аҳмад аст биёяд...”[3]

Инак, нигоҳе меандозем ба китоби Инҷили имрўза, ки оё дар он − ҳарчанд таҳрифшуда аст − метавон чизе пайдо кард, ки башорат ба ҳазрати Муҳаммад (cаллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) бошад:



1 2 3 4 next