Ахлоқи хонаводагии Паёмбар (с)



Раҳбарони ислом дар ҳамаи заминаҳои зиндагӣ, роҳнамоиҳои лозимро баён карданд то ҳар узви ҷомеаи исломӣ аз ҷиҳати фардӣ ва иҷтимоӣкомил бошад.

Мушоҳидаи сираи амалии шахсиятҳои намуна нақши бештаре дар зиндагии насли ҷавон дорад то суханонашон. Сираи ҳар шахсият бештар аз суханаш гӯёи ҳувияти воқеии ӯст. Агар сухан аз забони шахс берун меояд, сира аз маркази дили он шахсият бармехезад.

Сираи амалии Паёмбари Акрам (с) дар тамоми заминаҳо, беҳтарин сармашқ барои таъсиси мадинаи фозила ва ҷомеаи намунаи исломӣ аст.

Ёфтан ва доштани шахсияти намуна ва чаҳорчӯбҳои фикрӣ, кирдорӣ ва гуфторӣ, дар равобити хонаводагӣ барои ҳар инсон, тавфиқе дар ҷиҳати такомули ҳарчи беҳтари ӯст. Аз сӯе, меъёри ахлоқи инсон, дар дохили хонавода аст, зеро ашхос дар берун, қудрат бар анҷоми рафтори зиддиахлоқӣ надоранд ё ба далели порае мулоҳизот, бадахлоқӣ намекунанд. Касе ки дар манзил зану фарзандонаш таҳти назари ӯянд, бо онҳо хушрафторӣ кунад, хушахлоқ аст.

Дар ин мақола, нумое куллӣ аз ахлоқи хонаводагии Паёмбари Акрам (с)-ро, ки сармашқи аъло ва болотарин сармашқ ва намунаи барҷастаи ахлоқи илоҳӣ аст ва барои такмили ахлоқи некӯ мабъус шуд, ба тасвир мекашем, то бо илҳомгирӣ аз сираи волои эшон зиндагии худописандонае дошта бошем ва ба гунае ки он бузургвор бо аъзои хонавода  рафтор мекард муошират кунем; ба гунае сухан бигӯем, ки он ҳазрат сухан мегуфт; он ҷое ғазаб кунем, ки он азиз хашмгин мешуд ва ҷо афв кунем, ки он ҷаноб мебахшид.

Ахлоқи хонаводагии Паёмбари Акрам (с)

Уммул муъминин Оиша (р) ҳамсари Расули Худо (с), ки ба хусусиёти ахлоқии ӯ огоҳ буд, ҷузъиёти ахлоқӣ ва рафтории Паёмбарро дар як ҷумла хулоса кардааст.

Марҳуми Файзи Кошонӣ дар китоби Маҳаҷҷатул байзо аз Саъд ибни Ҳишом ривоят кардааст, ки гуфт, ба дидори Оиша (р) рафтам ва аз ахлоқи Расули Худо (с) пурсидам. Ӯ фармуд: оё Қуръон намехонӣ? Гуфтам, бале мехонам. Фармуд: ахлоқи Расули Худо (с) Қуръон буд.[1]

Рашидуддин Мейбудӣ дар тафсири ояти “Ҳамоно ту (эй Паёмбар) дорои хулқе бузург ҳастӣ” мегӯяд, Расули Худо (с) ба амру наҳйи Қуръон чунон пойбанд буд ва ба хуштабъӣ рафтор менамуд, ки гӯё хулқи вай ва табъи вай, худи Қуръон бошад.

Ӯ раҳнамудҳои Қуръонро ба дил мегирифт ва дар зиндагиаш аз шевае, ки Қуръон пешниҳод мекард, бе ҳеҷ инҳирофе ва бе он ки ҳеҷ нороҳатӣ дар он раво дорад, пайравӣ мекард ва аз ин рӯ таҷассуми Қуръон ба ҳисоб меомад. Ва ин иддао аз назари Каломуллоҳи Маҷид мавриди таъйид аст.[2]



1 2 3 4 next