Нигоҳе гузаро ба сираи Паёмбари Ислом Муҳаммад (cаллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)



Ҳазрати Муҳаммад (cаллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)

Паёмбари Акрам ҳазрати Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (cаллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), ки нубувват ба ў поён ёфт, дар соли 570 баъд аз мелод таваллуд шуд. Дар чиҳилсолагӣ ба нубувват барангехта шуд. Сездаҳ сол дар Макка мардумро ба Ислом даъват кард ва сахтиҳо ва мушкилоти фаровон мутаҳаммил шуд. Ва дар ин муддат гурўҳеро тарбият кард ва пас аз он ба Мадина муҳоҷират намуд ва он ҷоро марказ қарор дод. Даҳ сол дар Мадина озодона даъват ва таблиғ намуд ва бо саркашони араб набард кард ва ҳамаро мақҳур сохт. Пас аз даҳ сол ҳамаи нимҷазираи Арабистон мусулмон шуданд. Оятҳои каримаи Қуръон тадриҷан дар муддати 23 сол бар он ҳазрат (cаллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) нозил шуд. Мусулмонон шефтагии аҷибе нисбат ба Қуръон ва ҳам нисбат ба шахсияти Расули Акрам (cаллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) нишон медоданд. Расули Акрам (cаллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар соли 11 ҳиҷрӣ, яъне ёздаҳумин соли ҳиҷрат аз Макка ба Мадина, ки 23 соли паёмбарии ў (cаллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва шасту сеюмин сол аз умраш буд даргузашт, дар ҳоле ки ҷомеаи навбунёд ва пур аз нашоти руҳӣ ва мўъмин ба як идеологияи созанда, ки эҳсоси масъулияти ҷаҳонӣ мекард таъсис карда ва боқӣ гузошта буд.

Он чи ба ин ҷомеаи навбунёд руҳ ва ваҳдат ва нашот дода буд, ду чиз буд: Қуръони Карим, ки ҳамвора тиловат мешуд ва илҳом мебахшид. Ва дигарӣ, шахсияти азим ва нофизи Расули Акрам (cаллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), ки хотирҳоро ба худ машғул ва шефта нигаҳ медошт. Акнун дар бораи шахсияти Расули Акрам (cаллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) андаке баҳс мекунем:

Даврони кўдакӣ

Ҳанўз дар раҳими модар буд, ки падараш дар сафари бозаргонӣ дар Мадина даргузашт. Падарбузургаш Абдулмутталиб кафолати ўро ба ўҳда гирифт. Аз кўдакӣ осори азамат ва фавқулодагӣ аз чеҳра ва рафтор ва гуфтораш пайдо буд. Абдулмутталиб ба фаросат дарёфта буд, ки наберааш ояндаи дурахшон дорад.

Ҳаштсола буд, ки падарбузургаш Абдулмутталиб даргузашт ва тибқи васияти ў Абўтолиб, амуи бузургаш ўҳдадори кафолати ў шуд. Абўтолиб низ аз рафтори аҷиби ин кўдак, ки бо дигар кўдакон шабоҳат надошт, дар шигифт мемонд.

Ҳаргиз дида нашуд, ки ў монанди кўдакони ҳамсолаш нисбат ба ғизо ҳирс ва алоқа нишон бидиҳад; ба ғизои андак иктифо мекард ва аз зиёдаравӣ имтиноъ меварзид. Бар хилофи кўдакони ҳамсолаш ва бар хилофи одат ва тарбияти он рўз, мўйҳои хешро мураттаб мекард ва сару сурати худро тамйиз нигаҳ медошт.

Абўтолиб рўзе аз ў хост, ки дар ҳузури ў ҷомаҳояшро биканад ва ба бистар равад. Ў ин дастурро бо кароҳат талаққӣ кард ва чун намехост аз дастури амуи хеш тамарруд кунад, ба аму гуфт: Рўи хешро баргардон то битавонам ҷомаамро биканам. Абўтолиб аз ин сухани кўдак дар шигифт шуд, зеро дар араби он рўз ҳатто мардони бузург аз урён кардани ҳамаи қисматҳои бадани худ эҳтиёт намекарданд. Абўтолиб мегўяд:

“Ман ҳаргиз аз ў дурўғ нашунидам, кори ношоиста ва хандаи беҷо надидам, ба бозиҳои баччаҳо рағбат намекард, танҳоӣ ва хилватро дўст медошт ва дар ҳамаи ҳол фурўтан буд”.

Танаффур аз бекорӣ ва танбалӣ



1 2 3 4 5 6 7 8 next