Муҳаммад (с) кӣ буд?



Ба баҳонаи зодрўзи он ҷаноб (с)

Дувоздаҳуми рабиул-аввал, ки мусодиф бо ҳамин рўзҳост, дар шаҳри Маккаи минтақаи Ҳиҷоз касе дида ба ҷаҳон кушод, ки имрўза муқтадои наздик ба якуним миллиард инсон, ки ба оини ислом гароиш доранд маҳсуб мегардад. Камина шоиста дидам то ба ин муносибат миқдоре ҳарчанд андак перомуни сира ва равиши зиндагии он ҷаноб (с) барои хонандаи тоҷик сухан ба миён оварам. Тамоми он чи ки аз сираи он ҷаноб (с) дар ин мақола ёдовар мешавам, мустанад ба ривоёти саҳеҳ ва баргирифта аз китобҳои мўътабар аст:

Ибодати Паёмбар (с)

Чун посе аз шаб мегузашт Расули Худо (с) аз бистар бармехост ва пас аз гирифтани вузў ва задани мисвок ва тиловати оятҳое чанд аз Қуръони Карим, дар гўшае ба ибодат мепардохт ва ашк мерехт. Баъзе аз ҳамсаронаш, ки ўро ба ин ҳол медиданд мегуфтанд: “Ту, ки гуноҳе надорӣ, чаро ин қадар ашк мерезӣ?” Паёмбар (с) дар посух мегуфт: “Оё бандаи сипосгузори Худо набошам?”

Умми Салама, яке аз ҳамсарони он ҷаноб (с) мегўяд: “Шабе Паёмбар (с) дар хонаи ман буд. Нимашаб ўро нафтам, ба суроғаш шитофтам, дидам дар торикӣ истода, дастҳоро баланд карда, ашк мерезад ва мегўяд: “Худоё! Ҳар чи неъмат ба ман додаӣ, аз ман магир, душманамро хушнуд макун, ба балоҳое, ки маро аз онҳо наҷот додӣ гирифторам макун, ҳатто ба андозаи чашм барҳам задане маро ба худам вомагузор”. Ба ў гуфтам: “Падару модарам фадоят шаванд, шумо ки бахшуда шудаӣ!” Он ҷаноб (с) фармуд: “Ҳеҷ кас аз Худо бениёз нест. Ҳазрати Юнус лаҳзае ба худаш вогузор шуд, дар шиками моҳӣ зиндонӣ шуд”.

Зуҳди Паёмбар (с)

Рўзе Паёмбар (с) дувоздаҳ дирҳам ба ҳазрати Алӣ (к) дод ва фармуд: “Либоси барои ман таҳия кун”. Алӣ (к) ба бозо рафт ва либосе ба ҳамон қимат таҳия кард, хидмати он ҷаноб (с) овард. Паёмбар (с) фармуд: “Агар либоси арзонтар ва содатаре буд, беҳтар буд. Агар фурўшанда ҳозир аст либосро ба ў баргардон”. Ҳазрати Алӣ (к) либосро баргардонд ва пулро пас гирифт ва хидмати Паёмбар (с) баргашт. Расули Худо (с) бо Алӣ (к) ба сўи бозор роҳ афтоданд. Дар роҳ канизеро диданд, ки гиря мекунад. Аз ҳолаш ҷўё шуданд. Гуфт: “Чаҳор дирҳам пул барои хариди ҷинс ба ман додаанд, вале пулро гум кардам, ва акнун метарсам, ки ба хона баргардам. Паёмбар (с) чаҳор дирҳам аз он дувоздаҳ дирҳамро ба ў дод ва он гоҳ ба бозор рафтанд ва пероҳане ба қимати чаҳор дирҳам хариданд. Ҳангоми бозгашт бараҳнаеро диданд. Либосро ба ў бахшиданд ва ду бора ба бозор баргашта ва пероҳане дигар хариданд. Дар роҳи бозгашт ба манзил, ду бора ҳамон канизро диданд, ки нороҳат аст ва мегўяд: “Чун баргаштам ба хона тўл кашидааст, метарсам маро бизананд. Паёмбар (с) ҳамроҳи каниз ба манзили соҳибаш рафт. Соҳиби хона ба эҳтироми ташриффармоии Паёмбар (с) канизро бахшид ва ўро озод намуд. Расули акрам (с) фармуд: “Чи дувоздаҳ дирҳами бобаракате, ки ду бараҳнаро пўшонд ва як нафарро озод кард”.

Сўзи Паёмбар (с)

Агар касе барои ислоҳ ва мутаҳаввил кардани ҷомеа, аз дарун сўз надошта бошад, маҳол аст битавонад ҷомеаеро мутаҳаввил созад. Яке аз сифоти барҷастаи паёмбарони илоҳӣ, сўзу гудози онҳо барои ҳидоят ва саодати инсонҳост. Доштани дарду сўз, худ як камол аст ва бедардӣ, як дарди бузург.

Худованд дар авсофи Паёмбараш мефармояд: “Ў нисбат ба шумо сўз дорад, ва барои имони шумо ҳарис аст” (Сураи Тавба, ояти 128). Ва дар ҷои дигар хитоб ба Паёмбар (с) мефармояд: “Шояд хештанро ҳалок кунӣ, ки чаро онҳо имон намеоваранд” (Сураи Шуааро, ояти 3). Ҳамчунин дар сураи Тоҳо мефармояд: “Эй Паёмбар! Мо Қуръонро бар ту фурў нафиристодем, ки ин ҳама худро ба заҳмат бияндозӣ!” (Сураи Тоҳо, оятҳои 1 ва 2).



1 2 3 4 next