Суннат ва ҷашни мавлуд




Deprecated: Function eregi_replace() is deprecated in /home/tajalshia/public_html/page.php on line 99

Deprecated: Function split() is deprecated in /home/tajalshia/public_html/page.php on line 103

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ба муносибати вилодати паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с)

Яке аз иддаоҳои ваҳҳобият дар номашрӯъ донистани ҷашн дар рӯзи мавлуди ҳазрати паёмбар (с) ва бидъат ангоштани он ин аст, ки мегӯянд, мо дар ривоятҳои исломӣ надидаем, ки Расули Акрам (с), ё ёрони он ҷаноб (с) ва ё тобеин, дар бораи ин ид чизе гуфта бошанд, агар ин ҷашн машрӯъ буд, сазовор аст дар навбати аввал худи ҳазрати Расули Акрам (с) ва саҳобагону тобеин дар ин рӯз ҷашн мегирифтанд, дар ҳоле ки мо дар ривоятҳо чунин чизе надорем.

Ба ростӣ, касе ки андак маърифат ба манобеи ривоӣ дошта бошад, аз ин иддаои ваҳҳобият дар тааҷҷуб меояд, чаро ки нигоҳе ҳарчанд гузаро ба ривоятҳои исломӣ, хилофи ин иддаоро собит менамояд.

Инак, нигоҳе гузаро ба ривоятҳои исломӣ:

1. Муслим дар Саҳеҳ-и худ аз Абу Қутода (р) ривоят мекунад: Аз Расули Худо (с) дар бораи рӯзаи рӯзи душанбе пурсиданд, ҳазраташ (с) посух фармуд: “Ин рӯз, рӯзе аст, ки ман дар он таваллуд шудам ва ҳам рӯзе аст, ки ба паёмбарӣ фиристода шудам (ё дар ин рӯз бар ман ваҳй фуруд фиристода шуд)”. (Саҳеҳ Муслим 2/819).

Ҳофиз Ибни Раҷаби Ҳанбалӣ дар китоби хеш мавсум ба Латоифул-маориф (саҳ. 98) баъд аз нақли ривояти номбурда мегӯяд: “Дар ин ҳадис ишорае аст ба мустаҳаб будани рӯза гирифтан дар айёме, ки неъматҳои Худованд дар он рӯзгор бар бандагонаш таҷдид меёбанд, зеро бузургтарин неъмати Худо бар ин уммат, ба зуҳур овардани ҳазрати Расули Акрам (с) ва ба паёмбарӣ фиристодани ӯст ба сӯи мо, чунон ки Худованд мефармояд: “Ҳамоно миннат ниҳод Худованд бар мӯъминон он ҷо ки ба сӯи эшон фиристодае аз ҷумлаи худашон барангехт”. Пас, рӯза гирифтан дар рӯзе, ки ин неъмат аз ҷониби Худо бар бандагони мӯъминаш таҷдид меёбад, некӯ ва зебост. Ва ин рӯза гирифтан (ба худии худ мавзӯият надорад, балки) аз боби рӯбарӯии неъмат аст ба воситаи ибрози шукрона дар он вақтҳое, ки ин неъмат таҷдид меёбад. Мақсуд ва ҳадаф аз он, ба дастоварии муҳаббати Худо ва Расули Ӯст ба воситаи ин тоат (ки рӯза бошад). Ва чи басо ин мақсуд, ба ҳар василаи дигаре (ғайр аз рӯза гирифтан) низ ҳосил шавад. Ҳукми васоил (дар машрӯият ва адами машрӯият) ҳам, ҳукми мақосид ва аҳдофро дорад ҳар гоҳ мақсад шаръӣ бошад”.

Муроди Ибни Раҷаб аз ин ки мегӯяд: “Ва чи басо ин мақсуд, ба ҳар василаи дигаре (ғайр аз рӯза гирифтан) низ ҳосил шавад”, ин аст, ки агар мо дар ин рӯз ба ҳар василае (ғайр аз рӯза гирифтан), ки моро ба мақсад ва ҳадаф мерасонад (ки ба гуфтаи Ибни Раҷаб, ин ҳадаф, ба дастоварии муҳаббати Худо ва Расули Ӯст) даст ёзем, боке надорад. Ва қатъан, баргузории ҷашни мавлуд бо қироати мавлиди Барзанҷӣ, аз васоиле аст, ки моро ба ин ҳадаф мерасонад.

2. Муслим дар Саҳеҳ-и худ аз Ибни Аббос (р) ривоят мекунад: Ҳангоме ки Расули Худо (с) ба Мадина ташриф оварданд, диданд яҳуд дар рӯзи Ошуро рӯза мегиранд. Аз яҳуд дар бораи ин корашон пурсиданд, онҳо посух доданд: “Ин рӯз ҳамон рӯзе аст, ки Худованд ҳазрати Мӯсо ва Бани Исроилро бар Фиръавн пирӯз гардонид, ва мо ба ҷиҳати бузургдошти он, рӯза мегирем”. Пас, Расули Худо (с) фармуданд: “Моён сазовортарем ба Мӯсо, ва он гоҳ ба рӯза гирифтан дар ин айём амр фармуданд”. (Саҳеҳ Муслим 1130, Саҳеҳ Бухорӣ 7/215).

Ҳофиз Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ бо ин ҳадис, бар машрӯъ будани ҷашн дар рӯзи мавлуди паёмбар (с) истидлол намудааст. Ҷалолуддини Суютӣ дар Ал-ҳовӣ лил-фатово (1/196) аз ӯ нақл мекунад: “Пас, аз ин ривоят чунин истифода мешавад, ки бандаи мӯъмин, дар баробари он чи Худованд дар як рӯзи муайяне бар ӯ миннат ниҳад, мисли ин ки неъматеро дар он рӯз бар ӯ ато намояд ва ё балоеро аз сари ӯ дар он рӯз бардорад, бояд ҳамасола дар он рӯз, ба даргоҳи Худованд амали шукронае анҷом бидиҳад... Амали шукрона, ба анвои ибодот мисли саҷда, рӯза, садақа, тиловати Қуръон ҳосил мешавад. Ва чи неъмате бузургтар аз неъмати ба дунё омадани ин паёмбари раҳмат дар он рӯз!”



1 2 next