Пас аз чаҳордаҳ қарн ҳанӯз садоятро мешунавам




Deprecated: Function eregi_replace() is deprecated in /home/tajalshia/public_html/page.php on line 99

Deprecated: Function split() is deprecated in /home/tajalshia/public_html/page.php on line 103

Ҳанӯз пас аз чаҳордаҳ қарн, садоятро мешунавам...

садои рӯшанатро, аз паси деворҳои қурун...

садои заҷҷаи бутҳоро, ки мешикастишон...

... ва садои инсониятро, ки бо ту нафаси тозае ёфта буд ва аз зери гӯрҳои ҷаҳолату таассуб ва берешагӣ, ба самти осмони ваҳй пилк мекушод ва ҳақиқати инсонро мушоҳида менамуд...

Садоятро мешунавам, ки бар пайкари сахраҳои сангии мавҳум ва бутҳои ҷоҳилӣ ларза афканда...

Ҳанӯз насими паёмат мевазад, ки оташи намрудиёнро хомӯш сохт ва тарҳе аз гулистони ҳақиқат андохт...

Аз Ҳиро пойин биё ва “Қулу, ло илоҳа илаллоҳ, туфлиҳу”-ро дубора фарёд кун...

то замин зери гомҳоят дубора ҷон гирад... то ин бор, асри мунҷамиди оҳан ва абарроёна ва мушак, дар баробари хуршеди нигоҳи ту гудохта шавад... то Лоту Уззоҳои навпадид, ҷовидонагии паёми туро бовар кунанд ва дар худ фурӯ резанд...

Садоятро ҳанӯз мешунавам...

Дубора биё ва аз шикастан бигӯ ва аз сохтан...



1 2 3 4 5 6 7 next