Сохтани ҳадис дар фазоили Муовия ва сарзаниши Алӣ



Мавлавӣ Абдуссамад: Мавлоно, ба назари ман ин мушкили бузурге нест, чун ман ва шумо шароити сахту пур аз ҷаҳолати замони Муовия ва мардуми Шомро медонем, тамоми василаи таблиғотӣ дар дасти ў буд ва ҳар хилофи воқеъро, ки ба фоидаи ў буд, таблиғ мекард ва мардум мепазируфтанд. Магар нахондаем, ки он қадар дурўғ ва тўҳматҳои нораворо нисбат ба ҳазрати Алӣ (каррамаллоҳу ваҷҳа) дар байни мардум пахш карда ва эшонро шахси бенамоз муаррифӣ карда буд, ки вақте хабари шаҳодати он ҳазрат дар меҳроби масҷиди Кўфа ба гўши мардум расид, мардуми Шом бо тааҷҷуб пурсиданд: Чӣ шудааст, ки Алӣ ба масҷид рафтааст? Агар касе аз иродатмандон фазоили ўро нақл кунад, хеле мавриди итминон ва боварӣ  нест, аммо агар дидӣ иродатмандон айбҳоеро аз ў нақл карданд, бидон, ки он қадар ош шўр будааст, ки ошпаз ҳам мегўяд, шўр аст.

Бародар Аминӣ: Ҷаноби Мавлавӣ Муҳаммадумар, шумо қабул доред, ки сохтани ҳадисҳои дурўғ дар таърихи Ислом як воқеият аст ва олимони наққод, муҳаддисон ва мардони бузурги суннӣ ва шиа то кунун даҳҳо ҷилд китоб дар хусуси пажуҳиш ва барраси ва шиносоии аҳодиси дурўғин таълиф карда ва дар китобхонаҳои мо барои огоҳӣ ва хондани мо ба ёдгор гузоштаанд?

Мавлавӣ Муҳаммадумар: Бале, гарчӣ мо дар китобхонаи мадрасаамон дар бораи ин мавзўъ китоби зиёде надорем, вале дар китобхонаҳои бузурги Покистон китобҳои зиёде дар ин мавзўъ дидаам.

Бародар Аминӣ: Оё қабул надоред, ки Муовия дар гармогарми солҳои даргирӣ ва мухолифати бо Алӣ алайҳис-салом шуморе аз ҳадисхонон ва воизҳои  машҳурро, ки ҳатто пешинаи саҳобӣ будан доштанд, барои сохтани ҳадис дар фазоили худ ва бар зидди Алӣ алайҳис-салом маъмур карда буд ва онҳо ҳам ин маъмуриятро дар баробари ҳадяҳои молии чашмгир анҷом доданд ? 

Мавлавӣ Муҳаммадумар: Не, ин суханро ҳеҷ гоҳ қабул надорам! Магар мумкин аст як саҳобӣ қадам ба сохтани ҳадиси дурўғ бигзорад он ҳам дар баробари моли дунё? Ҳеҷ кас аз уламои бузурги суннӣ то ба ҳол ин суханро нагуфта аст.

Бародар Аминӣ: Ҷаноби мавлавӣ, каме ором бошед, худатон фармудед мо китобҳои бузургон ва пешиниёни аҳли суннатро дар китобхонаҳоямон зиёд надорем ва хеле ҳам мутолиаи китобҳои мавҷудро надорем. Пас эҳтимол бидиҳед, ки бузургони шумо ин матолибро дар ҳамин китобҳо навишта бошанд. Агар шумо иҷозат бидиҳед, як мавридро нақл кунам?

Мавлавӣ Муҳаммадумар: Бубахшед, ки миқдоре тез шудам. Марҳамат бигўед.

Бародар Аминӣ: Ибни Абилҳадид дар шарҳи Наҳҷ-ул-балоға ҷилди чаҳорум аз саҳифаи 63 ба баъд фасли машрўҳе ба номи "Фаслун фи зикри аҳодисул мавзўа фи замми Алӣ" дорад, яъне дар мазаммати Алӣ алайҳис-салом. Эшон аз Абўҷаъфари Аскофӣ чунин нақл мекунад: Муовия шуморе аз саҳоба ва тобеинро маъмур кард, то аҳодисе, ки далолат бар корҳои зишт дар бораи Алӣ бикунад, бисозанд то мардум аз он ҳазрат безор шаванд ва ҳадяҳое барои онон қарор дод, баъзе аз онҳо, монанди Абўҳурайра, Амр ибни Ос, Муғайра ибни Шўъба ва низ аз тобеин Урва ибни Зубайр буданд.

Мавлавӣ Ҳофиз: Бародар Аминӣ метавонед яке аз он аҳодисро, ки дурўғ буданаш барои мо равшан ва қатъӣ бошад ва бародар мавлоно Муҳаммадумар қабулаш кунанд, нақл бифармоед?

Бародар Аминӣ: Бале Ибни Абилҳадид дар ҳамон саҳифа ду ҳадисро аз Урва ибни Зубайр нақл мекунад:



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 next