Оё душманӣ бо фарзонае чун ӯ, аз сари бемордилӣ нест?



Сайидюнуси Истаравшанӣ

Аз дидани саҳнаҳое аз филми бисёр тавҳиномез ба соҳати муқаддаси паёмбари азизамон, ки қалам аз тавсифи он шармсор ва забон аз баёни он хаҷул аст, бар он шудам, то шаммае дар бораи шахсияти беназири ин паёмбари меҳрубонӣ ва покӣ бинависам; шахсияте, ки на торих то ба ҳол мисли ӯро дида ва на модаре ҳанӯз монанди вайро зоида. Ва бар ин пиндорам, ки тавҳинкунандагон – ва чи басо касире аз ҷаҳониён – ҳанӯз ӯро нашнохтаанд ва иқдоми онон аз сари бехабарӣ аст, ва тардиде надорам, касе ки андак ошноӣ бо ин шахсияти осмонӣ пайдо бикунад, ошиқи ӯ хоҳад шуд, чи ба дини ӯ имон биёварад ва чи аз бовармандони ойини ӯ нагардад, магар он ки бемордил ва фоқиди фитрати одамӣ бошад.

Магар метавон бо касе сари душманӣ дошт, ки ҳадаф аз беъсат ва паёмбарии хешро ҷуз такмил ва густариши фазоили ахлоқӣ дар ҷомеа намедонад? Он хуби хубон фармуда: «Ман ҷуз барои такмили ахлоқи писандида мабъус нашудаам[1]

Оё душманӣ бо ӯ, ҷуз хусумат ва кинатӯзӣ бо ахлоқи писандида ва некӯст? Чӣ касе, ҷуз бемордил ва кӯрдил, бо ин мазҳари хубӣ ва фазилат аз дари душманӣ медарояд?

Дар бораи ӯ мехонем, ки вай:

«Ростгӯтарини мардумон ва ба аҳди худ сахт пойбанд, аз ҳамаи мардум забонаш нармтар ва дар муошират аз ҳама беҳтар буд[2]

«Ҳар кас бо ӯ муошират мекард, дӯстиашро ба дил мегирифт[3]

«Он гоҳ ки ба асҳобаш менигарист, лаҳазоти нигоҳро ба тасовӣ ва баробар миёнашон тақсим мекард[4]

«Вақте ба касе даст медод, пеш аз ӯ дасти хешро бознамекашид, ҳамчунон ки чеҳраашро аз ӯ барнамегардонид магар он ки ӯ баргардонад[5]

«Ӯ чеҳраи гушода дошт, тундухӯ ва маломатгар ва фаҳҳош ва мизоҳкунанда набуд[6]



1 2 3 4 5 6 7 next