Арбаини ҳусейнӣ



Арбаин маросиме аст, ки рӯзи бистӯми моҳи Сафар, чиҳил рӯз баъд аз рӯзи Ошуро – рӯзи шаҳодати Имом Ҳусейн(а) ва ҳафтоду ду тан аз ҳамроҳони бовафои эшон аст, ки ба дасти лашкариёни Язид кушта шуданд.

Дар манотиқи мусалмоннишини дунё, дар ин рӯз, маросими азодорӣ баргузор мешавад.

Ҳамасола дар арбаини ҳусейнӣ, мусалмонони дунё, дар Карбало - маҳалли дафни Имом Ҳусейн(а) ва ёронаш ҷамъ мешаванд ва ба азодорӣ мепардозанд.

Ба ҳадде ки бар асоси омор, Арбаини соли гузашта беш аз ҳабдаҳ миллион зоир аз тамоми нуқоти олами ислом ва шаҳрҳои мухталифи Ироқ ба Карбало сафар кардаанд.

Ин ҳамоишест, ки ҳамасола баргузор мешавад, аммо имтиёзи он ин аст, ки ин ҳаракат комилан худҷӯш ва мардумӣ аст ва бар асоси авотифи мардумӣ баргузор мегардад, ҳеҷ ниҳоде аз ниҳодҳои мардумӣ, давлатӣ, ё созмонӣ ин ҳаракатро раҳбарӣ намекунанд ва фақат бо талоши мардум анҷом мегирад.

Яке дигар аз хусусиёти ин ҳамоиш, паёдаравӣ аст. Ба ин маъно, ки зоирони Имом Ҳусейн(а) аз ақсо нуқоти Ироқ ва балки аз кишварҳои ҳамсоя бо пиёдаравӣ худро ба Карбало мерасонанд.

Муҳимтарин масири пиёдаравӣ масири байни шаҳрҳои Наҷаф – маҳалли дафни ҳазрати Алӣ(а) ва Карбало аст, ки мушаххасоти он ба шаҳри зайл аст:

1 – Тӯли масофа: 80 километр;

2 – Теъдоди сутунҳо: 1452; (Барои осон шудани муҳосибаи масир, сутунҳои канори роҳ ба унвони шохис истифода мешавад);

3 – Фосилаи ҳар сутун: 50 метр;



1 2 next