Ошуро; гирдовар ё ҷудосоз?



Сайидюнуси Истаравшанӣ

Оё бузургдошти Ошуро; яъне рӯзҳои нуҳум ва даҳуми моҳи Муҳаррам, аз мавориди иттифоқи ду мазҳаби аҳли суннат ва шиа аст ё аз маҷолоти ихтилофи он ду? Бархе тангназарон, ки корашон ҳамвора ҷустуҷӯ аз мавориди ихтилофи ду мазҳаб ва доман задан ба онҳост, ҳарчанд саъй мекунанд гиромидошти ин муносибатро аз мавориди ихтилофи шиаву суннӣ ҷилва диҳанд, вале хушбахтона баррасии ривоёти фариқайн нишон медиҳад, ки чунин бузургдоште, аз мавориди иттифоқи онҳо будааст.

Пеш аз ҳама, ёдоварии ин нукта зарурист, ки баъзе аз рӯзҳо дар пешгоҳи Офаридгор арзиш доранд. Арзиши онҳо ҳам, ба ҷиҳати рухдодҳоест, ки дар онҳо воқеъ шуда. Рӯзҳои нуҳум ва даҳуми моҳи Муҳаррам, аз он рӯзҳост. Шиа ва суннӣ дар ин маврид иттифоқи назар доранд.

Дар ҳадисе саҳеҳ, Бухорӣ аз Ибни Аббос ривоят мекунад, ҳазрати Паёмбар (с) вориди Мадина шуд ва дид яҳуд рӯзи Ошуро (даҳуми моҳи Муҳаррам) рӯза мегиранд. Пурсид: ин чист? Гуфтанд: ин, рӯзе некӯст, ки Худованд дар он Бани Исроилро аз дасти душманашон (Фиръавн) наҷот дода ва аз ин рӯ, ҳазрати Мӯсо онро рӯза мегирифт. Он гоҳ ҳазраташ (с) фармуд: ман сазовортарам ба Мӯсо аз шумоён. Сипас, рӯза гирифт ва ба дигарон ҳам дастури рӯзаи онро дод.[1]

Шайхи Тӯсӣ, аз муҳаддисони номвар ва донишмандони барҷастаи шиа, ривоят мекунад, Расули Акрам (с) рӯзи Ошуро рӯза мегирифт.[2]

Ҳам ӯ аз Алӣ (к) ривоят мекунад, ки фармуд: Айёми Ошуро; яъне нуҳум ва даҳуми моҳи Муҳаррам, рӯза бигиред, зеро рӯзаи ин рӯз гуноҳони як соли бандаро мепӯшонад.[3]

Ва ҳам ӯ низ аз Имом Боқир ривоят мекунад, рӯзи Ошуро буд, ки киштии Нӯҳ (а) бар соҳил нишаст, он гоҳ Нӯҳ (а) касоне аз инсу ҷинро, ки ӯро ҳамроҳӣ мекарданд дастур дод ин рӯзро рӯза бигиранд. Имом Боқир фармуд: оё медонед ин рӯз чӣ рӯзест? Ин рӯз, ҳамон рӯзест, ки Худованд тавбаи Одаму Ҳавворо пазируфт, ҳамон рӯзест, ки Худованд баҳрро барои Бани Исроил шикофт ва Фиръавну фиръавниёнро ғарқ намуд, ҳамон рӯзест, ки Мӯсо дар он бар Фиръавн пирӯз гардид, ҳамон рӯзест, ки Иброҳими Халил дар он чашм ба дунё гушуд, ҳамон рӯзест, ки Худованд дар он тавбаи қавми Юнус (а) пазируфт, ҳамон рӯзест, ки Исо ибни Марям дар он мутаваллид шуд, ҳамон рӯзест, ки Маҳдии Мавъуд дар он қиём хоҳад кард.[4]

Бе ҷиҳат нест, ки дақиқан дар ҳамин рӯз набераи мукаррами паёмбари ислом Имом Ҳусайн алайҳи зулму истибдоди Фиръавни замони худ яъне Язиди малъун қиём кунад ва бо хуни покаш олудагиҳоеро, ки пайкараи умматро фаро гирифтааст бишӯяд ва татҳираш намояд.

Оре, ҳамон тавр ки Худованд дар ин рӯз Бани Исроилро ба дасти Мӯсои Калим аз Фиръавну фиръавниён наҷот дод, дақиқан дар ҳамин рӯз уммати Муҳаммад (с)-ро бо хуни Ҳусайн аз зулму ситами Язиду язидиён раҳоӣ бахшид. Ин хуни поки рехтаи Ҳусайн буд, ки умматро як дафъа ба худ огоҳонид. Ин хуни муқаддаси он шаҳид буд, ки уммати ғофилро бедор сохт ва водораш намуд алайҳи зулму истибдод қиём кунанд.

Оре, равост дар ин рӯз аз ин ҷиҳат хушҳол шавем ва ба шукронаи раҳоӣ аз зулму ситам рӯза бигирем. Аммо...



1 2 3 4 next