Муҳаррам дар Тоҷикистон



Эй кош ман мебудаме дар он ғазоти Карбало

Ҷонро фидо мекардаме дар ҳар канори Карбало

Худро шаҳид мекардаме дар он ғазоти Карбало

Шоҳ Ҳусайн мегуфтаме, дар хок меғалтидаме...

Бисёре аз тоҷикҳо дар айёми Муҳаррам дар нуқоти мухталифи ин кишвар ба соҳати муқаддаси Имом Ҳусайн (а) ва шуҳадои Карбало адои эҳтиром мекунанд.

Ҷамъе аз фарҳехтагон ва донишмандони тоҷик, дар гуфтугӯ бо хабарнигори хабаргузории Форс дар Душанбе, моҳи Муҳаррамро моҳи сулҳ, тавба ва талаби мағфират зикр карданд ва бо имон ва эътиқодоти исломии худ аз даҳаи Ошурои Ҳусайнӣ бо муҳаббат ва дилбастагӣ сухан гуфтанд.

Нуриддин Шаҳобиддинов, муҳаққиқи забони арабӣ ва корманди Муассисаи шарқшиносии Окодемии улуми Тоҷикистон дар ин бора гуфт: "Дар осори торихӣ аз моҳи Муҳаррам - нахустин моҳи тақвими исломӣ, ба ин далел, ки ҷанг ва ҷиҳод дар он мамнӯъ аст, ба унвони муҳаррам ёд карданд."

Шаҳобиддинов, бо ишора ба инки фазилати Ошуро ба торихи қабл аз ислом бармегардад, афзуд: "Дар ин моҳ бисёре аз рӯйдодҳои торихӣ ва муҳим ба вуқӯъ пайваста, ки фазилати онро афзоиш дода аст."

Вай, бо истинод ба осори торихӣ, пазируфта шудани тавбаи ҳазрати Одам (а), офариниши Арш, Курсӣ, осмон, замин, моҳ, хуршед ва ситорагон, биҳишт, таваллуди ҳазрати Иброҳим (а) ва наҷоти он ҳазрат аз оташи Намрудро аз рӯйдодҳои муҳимми ин моҳ зикр кард.

Ин донишманди тоҷик, кушта шудани Имом Ҳусайн (а) аз сӯйи Язидро дар ин моҳ, доғи хунине зикр кард, ки дар қалби уммати ҳазрати Муҳамад (с) монда ва бо гузашти садҳо сол, пайравони ҳамаи фирқаҳо дар ин рӯз дар суги он ҳазрат мотам мегиранд.



1 2 3 4 5 next