Мазҳаби озодагон



Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҷои таассуф аст, ки гиромидошти воқеаи Карбало ва ёди пешвои зулмситезон яъне Имом Ҳусайн, (а) дар як зовияи танги мазҳабӣ қарор дода шуда ва танҳо махсуси пайравони мазҳаби ташаюъ дониста мешавад! Ва таассуфовартар аз ин, бархе – дониста ё надониста – ҳар касеро, ки ин рӯзро гиромӣ бидорад ва аз ҷигаргӯшаи Паёмбари Гиромӣ (с) ва фидокориҳои вай дар ин рӯз сухан ба миён оварад, муттаҳам ба “хуруҷ аз мазҳаб” ва “тафриқаафканӣ” мекунанд!

Ва шигифтангезтар аз ҳама, касоне даст ба чунин иттиҳомоти воҳӣ меёзанд, ки нисбат ба исломситезии ошкор ва ҳувайдои худобехабарон, аз худ ҳеч вокунише нишон намедиҳанд ва об аз обашон такон намехӯрад, аммо чӣ аҷаб, ки дар ин маврид якдафъа ба ёди ислому ба фикри посдорӣ аз марзҳои “мазҳаб” уфтодаанд!

Имом Ҳусайн (а) ва ёди ӯ, мутааллиқ ба мазҳабе хос нест; на ба шиъа тааллуқ дорад ва на ба аҳли тасаннун ва на ба ҳеч як аз мазоҳибе, ки имрӯза мешиносем; мазоҳибе, ки пайравонаш хештанро дар зовияи танги мазҳабӣ қарор дода ва коре ҷуз бигӯмагӯ бо пайравони соири мазоҳиб пиромуни масоили ҷузъӣ ва бефоида надоранд.

Иштибоҳ мекунад он шиъае, ки меангорад гиромидошти Ошуро махсуси ӯст, ва ҳам иштибоҳ мекунад он сунние, ки фикр мекунад ёди Имом Ҳусайн (а) ва зинда нигаҳ доштани мавозеъи ӯ дар Карбало, рабте ба аҳли тасаннун надорад. Имом Ҳусайн (а), пешвои пайравони мазҳабе муайян нест. Роҳи Ҳусайн (а), ҳамон роҳи ҷаддаш Расули Акрам (с) аст, ки вақте эҳсос кард роҳу равиши ҷаддашро хатар таҳдид мекунад, бапо хост ва аз он дифоъ намуд, ва ба гуфтаи Иқбол:

Чун хилофат ришта аз Қуръон гусехт

Ҳурриятро заҳр андар ком рехт

Хост он сарҷилваи хайрул-умам

Чун саҳоби қибла, борон дар қадам

Бар замини Карбало бориду рафт



1 2 3 4 5 6 next