Аҳли суннат ва Язид



Сайидмаҳмуд Бурҳонов, коршиноси аршади маорифи исломӣ

Дар ин навиштор, дар бораи дидгоҳи уламои барҷастаи аҳли суннат роҷеъ ба Язид ибни Муовия пардохта мешавад. Зарурати пардохтан ба ин мавзӯъ, аз он ҷо ҳувайдо мешавад, ки мутаассифона дар ин авохир касоне пайдо шудаанд, ки зимни мақолот ва ҳатто таълифи китобҳо, аз ин ҷиноятпеша ва ситамкори торих, дифоъ мекунанд. Шояд боризтарин шахсияте, ки ба дифоъи Язид пардохтааст, Ибни Таймия бошад; касе ки муроду марҷаъи ваҳҳобият ва салафиҳо ба шумор меравад. Аз ин рӯ, дар оғоз, нигоҳе ба дидгоҳҳои Ибни Таймия ба Язид мепардозем, сипас ба назари донишмандони барҷастаи аҳли суннат, ки ҳамагӣ Язидро фарде фосиқ, фоҷир ва нолоиқ медонанд, партав меафканем.

Ибни Таймия ва қиёми Имом Ҳусайн (р)

Яке аз касоне, ки ба нақл ва ҷамъбандии дидгоҳҳои аҳли суннат дар мавриди қиёми Имом Ҳусайн (р) алайҳи Язид пардохтааст, Тақиюддин Аҳмад ибни Таймияи Ҳарронӣ (661-726 ҳ.қ) мебошад. Ӯ дар баробари амалкарди Язид, мусалмононро бар се даста: миёнарав, зиёдарав ва кундрав тақсим карда, мегӯяд:

Гурӯҳи зиёдарав қоил аст, Язид кофир ва фосиқ аст. Ӯ бар куштани набераи Расули Худо (с) даст ёзид ва ҳадафаш дар ин кор, интиқом гирифтан аз Расули Худо (с) ва расидан ба як оромиши қалбӣ буд. Дар воқеъ, Язид бо ин кори худ, интиқоми хуни ҷаддаш Утба, бародари ҷаддаш Шайба ва тағояш Валид ибни Утбаро гирифт, ки ҳар се дар ҷанги Бадр аз сӯйи сипоҳиёни ислом кушта шуда буданд.

Тарафи кундрав, Язидро шахсе солеҳ ва имоме одил медонад, то ҷое ки бархе аз ин тоифа, Язидро аз ҳазрати Абӯбакру Умар (р) ҳам болотар мепиндоштанд, ва бино бар қавле, ҳатто баъзе ҳам ӯро яке аз авлиё меангоштанд.

Тоифаи сеюм, яъне миёнарав ба қавли Ибни Таймия, Язидро шоҳе аз шоҳони мусалмон медонад, ки дорои некиҳо ва бадиҳо аст. Дар замони Язид, масъалаи ҷанг бо Имом Ҳусайн ва ҳодисаи аҳли Ҳарра пеш омад, ки Язид на саҳобӣ аст ва на за авлиёуллоҳ.

Сипас Ибни Таймия мегӯяд, ҳамин назар яъне назари сеюм, мавриди пазириши умуми соҳибони ақлу илм ва аҳли суннат аст.[1]

Дар идома, Ибни Таймия назари аввалро ба шиъа ва назари сеюмро ба оммаи аҳли суннат нисбат дода мегӯяд: Аҳли суннат ва ҷамоат дар ин хусус ба се фирқа тақсим шудаанд:

1. Гурӯҳе, ки Язидро лаън мекунанд;



1 2 3 4 5 6 7 next