Бани Умайя



Бародар Аминӣ: Қабл аз ҳар чиз суханеро аз дидгоҳи Қуръон дар бораи бани Умайя шурўъ кунем. Фахри Розӣ  муфассири бузург дар тафсири кабири худ, Олусӣ муфассири бузурги дигар дар тафсири худ Ҷалолуддини Суютӣ ҳофиз ва муфассири бузург дар Дур-ул-мансур ва гурўҳи дигар аз муфассирони бузурги таърихи Ислом аз Ибни Аббос ва баъзеи дигар аз саҳоба нақл кардаанд, ки:

Шабе Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар хоб дид, ки бани Умайя монанди маймунҳо бар минбари ў боло мераванд. Ҳазрат вақте бедор шуд аз ин мавзўъ нороҳат шуд. Ҷабраил ин ояти каримаро бар ҳазрат нозил кард:

"...وما جعلنا الرؤيا التي اريناك اِلاّ فتنة للناس والشجرة الملعونة في القرآن  نُخَوّفهم فَما يزيدهم اِلاّ طُغْيانا كبيرا."

 Худованд дар ин оят мефармояд: "Мо он рўъёро дар хоб ба ту нишон надодем, магар ба далели озмоиши мардум ва нишон додани шаҷараи малъуна  (дарахти лаънатшуда) дар Қуръон ва мо онҳоро метарсонем (аз азоби худ), вале ин ҳушдорҳо бар кофирон ҷуз туғёни бузург намеафзояд." Сураи Исро-60. (1)

 Худованд дар ин оят расман бани Умайяро дарахти лаънатшудаи Қуръонӣ муаррифӣ кардааст, то дигар ҷои номафҳум дар ҷомеаи исломӣ нисбат ба сарони бани Умайя боқӣ намонад. Фахри Розӣ зимни ин ки эҳтимолоти дигареро дар тафсири ин оят нақл мекунад, менависад: Он чи сабаби таъкиди ин тафсир мешавад он аст, ки: Оиша рўзе ба Марвон ибни Ҳакам, ки аз барҷастагони бани Умайя аст, гуфт:

"لعن الله اباك وانت في صلبه فاَنت بعض من لعنه."

"Худованд падаратро лаънат кард, дар ҳоле ки ту дар сулби  ў будӣ. Пас ту ҳам яке аз малъунини Худо ҳастӣ" (2).

Мавлавӣ Ҳофиз:  Ростӣ, ишколе то кунун ба шиаён доштаам, ки чаро гоҳе Язид ва баъзе дигар аз бани Умайяро лаънат мекунанд, ҳоло бароям равшан шуда, ки на танҳо Оиша уммул мўъминин бани Умайяро малъун шумурда, балки Худованд ҳам онҳоро дар Қуръон лаънат кардааст.

Мавлавӣ Муҳаммадумар: Аҷаб! Ин ҳам матлаби наве буд, ки бародар Мавлавӣ Ҳофиз матраҳ карданд. Бародар Аминӣ бифармоед ин шаъни нузулро ҳамаи муфассирони аҳли суннат матраҳ кардаанд? Бародар Аминӣ: Не, шумо ҳеҷ интизор надошта бошед, ки ҳамаи уламои аҳли суннат бо таваҷўҳ ба эҳтиром ё дидгоҳи мўътадиле, ки ба сарони Бани Умайя доранд, ҳама ин гуна аҳодисро нақл кунанд. Шумо бубинед, ҳамин Табарӣ, ки аз пухтатарин нависандагони таърихи Ислом аст дар китоби таърихаш, ки ба қасди баёни воқеиятҳои таърихӣ навишта шудааст, мегўяд: "Ман он воқеаҳои талхеро, ки сабаби ногувории мардум (аҳли суннат) мешавад ва таърих онро сабт кардааст, нақл нахоҳам кард." Бинобар ин, вақте мебинад шаъни нузули ин ҳадисро дигар бузургон дар тафосири худ нақл кардаанд, худро ночор мебинад, ки нақл кунад, аммо калимаи бани Умайяро аз матни ҳадис ҳазф карда ва ба ҷои он калимаи бани фалон навиштааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин заъфи тааҳҳуд, ки ба назари ман хиёнат ба мусулмонон, таърихи Ислом ва тафсир аст, оё интизор доред, ки ҳама онро нақл кунанд? Дар айни ҳол, алломаи Аминӣ ин ҳадисро аз теъдоди зиёде аз муфассирон, муҳаддисон ва таърихнависони аҳли суннат, илова бар шахсиятҳое, ки пеш зикр кардем нақл кардаанд, ба монанди: Тафсири Хозин, тафсири Шавконӣ, Ал-Хасоис-ул-кубро, Усд-ул-ғоба, Канз-ул-уммол, Мустадраки Ҳоким, таърихи Хатиби Бағдодӣ ва таърихи Табарӣ. (3)

Марвон ва Ҳакам

Аммо дар бораи Марвон ва падараш Ҳакам фақат ду ҳадисро ба унвони намуна зикр мекунем:

1-Аллома Билозарӣ таърихнависи бузурги аҳли суннат дар китоби Ансоб-ул-ашроф дар шарҳи ҳоли Ҳакам ва Марвон чунин мегўяд: Ҳакам ибни Абилос озордиҳандатарин ҳамсояи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам буд. Ў пас аз фатҳи Макка ба Мадина омад ва ба зоҳир Ислом овард, аммо пушти сари Паёмбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам роҳ мерафт ва бо ҳаракати чашм, даҳон ва даст, ҳазратро масхара мекард. Рўзе ҳазрат бо ҳамсараш танҳо дар ҳуҷрааш нишаста буд, ки ногаҳон Ҳакам аз сўрохи девор барои тамошои онҳо дохил шуд. Ҳазрат бо асабоният берун омаданд ва фармуданд: "Чӣ касе метавонад шарри ин малъунро аз ман кам кунад." Сипас фармон дод, ки Ҳакам ва фарзандаш Марвонро аз Мадина берун биронанд. Пас аз истиқрори хилофати Абўбакр, Усмон аз халифа хост иҷозати баргаштани онҳоро ба Мадина бидиҳад. Халифа гуфт: "Ҳеҷ гоҳ берун рондаи Паёмбарро барнамегардонам." Усмон дар даврони хилофати Умар дубора ин дархостро кард ва Умар ҳам посухе монанди Абўбакр дод. Вақте худи Усмон ба хилофат расид, на танҳо Ҳакам ва Марвони рондашудаи Расули Худоро ба Мадина боз гардонид, балки мақоми фармондорӣ ва фармондеҳии лашкарро ба Марвон ато кард! Илова бар он, як панҷуми тамоми ғаниматҳои фатҳи Африкоро, ки  сад ё дусад ҳазор динор  (мисқоли тилло) буд, ба Марвон бахшид, (4)



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 next