Ашӯрихонӣ дар Тоҷикистон



Хайруллоҳ Фазлуллоҳ, коршиноси маорифи исломӣ

“Шаҳдӣ” биё афғон бикун, ҳам ҷону дил қурбон бикун

Ҳам чашми худ гирён бикун дар рӯзгори Карбало

Аз муҳимтарин воқеаҳое, ки дар моҳи муҳаррам рух додааст, воқеаи Ошурост. Ин воқеа дар соли 61 ҳиҷрии қамарӣ мутобиқ бо 680 милодӣ дар сарзамине ба номи Карбало, ки бо Бағдоди имрӯзӣ 105 ва бо Куфа 75 километр фосила дорад, рӯй додааст; ба ин воқеа “воқеаи Карбало” низ мегӯянд.

Дар ин ҳодиса, фарзанди Фотимаи Заҳро (а), духти гиромии Расули Акрам (с) Имом Ҳусайн (а) ҳамроҳ бо бародарон, фарзандон ва ёронаш, ки ба гуфтаи торихнависон 72 тан буданд, ҳамагӣ ба дасти сипоҳиёни Язид ибни Муовия, мазлумона ба шаҳодат расида, занону хоҳарону духтаронаш ба асорат бурда шуданд.

Пас аз ин воқеаи даҳшатнок, ки бо ҷудо кардани сар аз тани Имом Ҳусайн (а) ба поён расид, мардуми тамоми манотиқи исломӣ аз ин моҷаро огоҳ шуданд. Дере нагузашт, ки мардуми мусалмон барои фарзанди дилбанди Расул (с) ба азодорӣ нишастанд.

Аввалин азодорӣ барои Имом Ҳусайн (а)

Дар Сунани Тирмизӣ (боби фазоил) ва ҳамчунин Торихи Ибни Касир, Торихи Ибни Асир ва Торихи Хулафои Суютӣ бо санади саҳеҳ омадааст, ки Салмо мегӯяд: “Рӯзе ба хидмати Умми Салама, ҳамсари гиромии Расулуллоҳ (с), расидам ва ӯро гирён дидам, пурсидам: чаро гиря мекунӣ? Посух дод: Расули Худо (с)-ро дар хоб дидам, ки бар сару сураташ хок нишаста буд, он гоҳ аз ҳазраташ пурсидам: эй Расули Худо! Чаро шумо дар як чунин ҳолате ҳастед? Фармуданд: “Ҳамин чанд лаҳза пеш шоҳиди кушта шудани Ҳусайн будам.”

Яъқубӣ низ дар Торихи худ менависад: “Нахустин бонге, ки ба азодории Имом Ҳусайн (а) дар Мадина ба гӯш расид, аз сӯи Умми Салама буд. Сабабаш ин буд, ки Пайғамбар (а) шишае аз хокро ба Умми Салама дода ва ба ӯ фармуда буд, Ҷабраил (а) маро огоҳ карда, ки умматам Ҳусайнро мекушанд, ва он гоҳ ба Умми Салама гуфта буд, ҳаргоҳ дидӣ, ки ин хок табдил ба хун шавад, бидон, ки Ҳусайн кушта шудааст.

Он шишаи хок ҳамчунон дар назди Умми Салама буд, то ин ки замони шаҳодати Имом Ҳусайн (а) фаро расид. Он бонуи гиромӣ ҳама соат ба хоки шиша менигарист ва чун дид, ки он хок ба хун табдил шуд, фарёди “Во Ҳусайно!” ва “Ё ибна Расулиллоҳ!”-ро баланд кард. Занони Мадина бо шунидани нолаи Умми Салама аз ҳар гӯшаи шаҳр бонги азо бароварданд ва шаҳри Мадинаро ғулғулаи азиме дар азои Ҳусайн (а) фаро гирифт, ки пеш аз он ҳаргиз шунида нашуда буд.”



1 2 3 4 next