Шаҳодати Ҳусайнӣ



Имом Ҳусайн аз нигоҳи доктор Шариатӣ

Доктор Алии Шариатӣ мутафаккир ва андешманде буд, ки дар як давраи торихӣ, таъсири фазояндае бар рӯи наҳзати исломӣ гузошт...

Бархе аз суханрониҳо ва навиштаҳои доктор Шариатӣ дар мавриди шаҳодати  Имом Ҳусайн (а) ва ҳодисаи Карбало, аз ҷумлаи осори хуби ивай ба шумор меравад.

Дар ин навиштор саъй хоҳем намуд, ба ҳадди тавони худ дидгоҳи Шариатиро дар ин маврид ба тасвир кашем:

1. Шаҳид:

Навъи фаҳми Шариатӣ аз мафҳуми олии шаҳид, бардошти хосс, амиқ ва ноб аз фарҳанги асили исломӣ аст. Вай дар таърифи калимаи шаҳид мегӯяд:

“Шаҳид дар луғат, ба маънои ҳозир, нозир, ба маънои гувоҳ ва гувоҳидиҳанда ва хабардиҳандаи ростин ва амин ва ҳамчунин ба маънои огоҳ ва низ ба маънои маҳсус ва машҳуд; касе, ки ҳамаи чашмҳо ба ӯст ва билохира ба маънои улгу ва сармашқ аст”.[1]

Шаҳид зинда, ҷовид, ҳамосасоз, ориф, огоҳ, интихобгар ва рӯзихори неъматҳои илоҳист ва ин асилтарин дарёфт аз мутун ва фарҳанги исломӣ ба шумор меравад, чунон чи Қуръони Карим низ ба он ишора мекунад. Шариатӣ дар ҷои дигар менависад:

“Шаҳид қалби таърих аст; ҳамчунон ки қалб ба рагҳои хушкандом хун, ҳаёт ва зиндагӣ медиҳад, ҷомеае, ки рӯй ба мурдан меравад, ҷомеае, ки фарзандонаш имони хешро ба хеш аз даст додаанд ва ҷомеае, ки ба марги тадриҷӣ гирифтор аст, ҷомеае, ки таслимро тамкин кардааст, ҷомеае, ки эҳсоси масъулиятро аз ёд бурдааст ва ҷомеае, ки эътиқод ба инсон буданро дар худ бохтааст ва торихе, ки аз ҳаёт ва ҷунбишу ҳаракат ва зоиш бозмондааст; шаҳид ҳамчун қалбе ба андомҳои хушки мурда ва берамақи ҷомеа хуни хушро мерасонад ва бузургтарин мӯъҷизаи шаҳодаташ ин аст, ки ба як насл имони ҷадид ба хештанро мебахшад. Шаҳид ҳозир аст ва ҳамеша ҷовид; кай ғоиб аст?”[2]

Бахши фавқ бештар рӯйкарде карбалоӣ дорад; ба ин маъно, ки доктор бо нигоҳ ба шаҳидони Карбало ва фазои ҳоким бар он, ба васфи шаҳид пардохтааст, вагарна ҳамеша ин гуна нест, ки дар ҷомеае мунҳат ва рӯ ба ақиб, симои тобноки шаҳид рух намояд. Шуҳадои ҷиҳодҳои Набии Акрам (с) ва Имом Алӣ шоҳиди ин иддааост. Албатта марҳум Шариатӣ ба ин мавзӯъ пардохтааст, ки дар ҷое ба он ишора мекунем. Яке аз беҳтарин ва ҳаётбахштарин сармояҳое, ки дар торихи дин вуҷуд дорад, шаҳодат аст.



1 2 3 4 5 6 7 next