Шаҳодати Имом Ҳусайн дар ойинаи ашъори шуарои порсигӯй




Deprecated: Function eregi_replace() is deprecated in /home/tajalshia/public_html/page.php on line 99

Deprecated: Function split() is deprecated in /home/tajalshia/public_html/page.php on line 103

Ё Раб! Ба насли тоҳири авлоди Фотима

Ё Раб! Ба хуни поки шаҳидони Карбало

Ё Раб! Ба сидқи синаи пирони ростгӯй

Ё раб! Ба оби дидаи мардони ошно

Дилҳои хастаро ба карам марҳаме фирист

Эй номи аъзамат дар ганҷинаи шифо

(Саъдии Шерозӣ)

Шаҳодат, шаҳид, шоҳид ва шуҳадо, калимоти муқаддас ва пуршӯре ҳастанд, ки ҳадди ақал беш аз панҷоҳ бор дар Қуръон ба кор рафтаанд ва ҳар бор низ мафҳуми хоссеро илқо мекунад, ки роиҷтарини он маонӣ “шоҳиди айнӣ” аст.

Шаҳид ва шаҳодат, умре ба густардагии торихи ҳаёти бшарӣ доранд. Аз нахустин рӯзҳои зиндагии инсон, ҷидоли ҳаққу ботил, зулму адл, эзадӣ ва аҳриманӣ оғоз шуд ва хуни Ҳобил (самбули ҳаққу адл) тавассути бародараш Қобил (самбули ҷавру ситам) ноҷавонмардона рехта шуд. Аз он пас, ҳазорон инсони вораставу озода дар роҳи ормонҳои мутаолии худ ба шаҳодат расиданд ва Ҳусайн бартарин улгу ва усваи шаҳодат аст, ки бо марги огоҳона ва ҳамосии хеш, барои абад шӯре дар халқи олам афканд.

Бешак адабиёти ғании форсӣ, дар тӯли торих минбари баланди шаҳодатталабӣ будааст ва шаҳодати ҷонкоҳи Имом Ҳусайн, аз ибтидои шаклгирии шеъри форсии пас аз ислом, мавзӯи риққатбор ва мазмунсоз барои шоирони порсигӯй будааст.



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 next