Омӯзгори бузурги шаҳодат



Ҷумалоти кӯтоҳи Шариатӣ дар бораи Имом Ҳусайн (а)

Ҳусайн бештар аз об, ташнаи лаббайк буд. Афсӯс, ки ба ҷои афкораш, захмҳои танашро нишонамон доданд ва бузургтарин дардашро беобӣ номиданд!

* * *

Агар дар ҷомеае фақат як Ҳусайн ва ё чанд Абӯзар дошта бошем, ҳам зиндагӣ хоҳем дошт, ҳам озодӣ, ҳам фикр ва ҳам илм хоҳем дошт ва ҳам муҳаббат, ҳам қудрат ва сарсахтӣ хоҳем дошт ва ҳам душманшиканӣ ва ҳам ишқ ба Худо...

* * *

Ин ки Ҳусайн фарёд мезанад: “Оё касе ҳаст, ки маро ёрӣ кунад ва интиқом гирад?” “Ҳал мин носири йансурунӣ?” магар намедонад, ки касе нест, ки ӯро ёрӣ кунад ва интиқом гирад? Ин суол, суол аз торихи фардои башарӣ аст, ва ин пурсиш аз оянда аст ва аз ҳамаи мост.

* * *

Ҳусайн як дарси бузургтар аз шаҳодаташ ба мо додааст, ва он, ниматамом гузоштани ҳаҷ ва ба сӯи шаҳодат рафтан аст. Маросими ҳаҷро ба поён намебарад, то ба ҳамаи ҳаҷгузорони торих, намозгузорони торих, мӯъминон ба суннати Иброҳим, биёмӯзад, ки агар ҳадаф набошад, агар Ҳусайн набошад ва агар Язид бошад, чархидан бар гирди хонаи Худо, бо хонаи бут, мусовӣ аст.

* * *

Имом Ҳусайн (а) як шаҳид аст, ки ҳатто пеш аз кушта шудани хеш ба шаҳодат расидааст; на дар қатлгоҳ, балки дар даруни хонаи хеш; аз он лаҳза ки ба даъвати Валид, ҳокими Мадина, ки аз ӯ байъат мутолиба мекард, “на” гуфт. Ин “на” тарду нафйи чизе буд, ки дар қиболи он, шаҳодат интихоб шудааст ва аз он лаҳза, Ҳусайн шаҳид аст.



1 next