Воқеаи Карбало (1)



Ҷойгоҳи Имом Ҳусайн (р) дар назди ҳазрати Паёмбар (с) 

Умми Фазл, ҳамсари Аббос ибни Абдулмуталлиб (амуи Расули Худо (с)) мегўяд: Дар хоб дидам гўё қитъае аз бадани Расули Худо (с)-ро қатъ намуда ва дар домани ман гузоштанд. Чун бедор шудам, тарсон аз ин ки таъвили ин рўъё чист, назди Пайғамбар (с) омадам ва рўъёи худро ба он ҳазрат гуфтам. Фармуд: Чӣ рўъёи хубе аст! Иншоаллоҳ писаре аз Фотима ба зудӣ таваллуд мешавад, ки дар домани ту бузург хоҳад шуд.

Дере нагузашт, ки аз Фотимаи Заҳро (р), Ҳусайн (р) мутаваллид гардид ва ҳамон гуна ки Пайғамбар (с) хабар дода буд, дар домани Умми Фазл (Лубоба) қарор гирифт ва ўро парвариш дод.[1]

Чун хабари таваллуди Ҳусайн (р) ба Расули Худо (с) расид, бо шитоб ба хонаи Фотима (р) рафт, дар ҳоле ки осори ҳузну андўҳ дар чеҳраи муборакаш намоён буд ва бо оҳанги ҳузнолуд фармуд: Эй Асмо! Фарзандамро биёвар.

Асмо навзодро ба дасти Пайғамбар (с) дод.

Пайғамбар (с) ўро дар оғўш гирифта мебўсиду мегирист.

Асмо, ки аз мушоҳидаи ин ҳолат сахт мутаассир шуда буд, гуфт: Падару модарам фидои шумо эй Расули Худо, чӣ шуда, ки гиря мекунед?

Пайғамбар (с) фармуд: Барои ин фарзандам гиря мекунам.

Асмо аз ин ҷавоб дар ҳайрат монда гуфт: Ин фарзанд нав ба дунё омадааст.

Расули Худо (с) фармуд: «Ўро гурўҳи ситамкоре хоҳанд кушт, Худо онҳоро аз шафоати ман бенасиб гардонад».[2]



1 2 3 4 5 6 next