Ишқро сармояи имон Алӣ



Сайидюнуси Истаравшанӣ

Муслими аввал шаҳи мардон Алӣ,

Ишқро сармояи имон Алӣ.

Аз валои дудмонаш зиндаам,

Дар ҷаҳон мисли гуҳар тобандаам...

(Иқболи Лоҳурӣ)

Дар васфи амири мӯъминон Алӣ ибни Абӯтолиб, бо илҳом аз оятҳои қуръонӣ дар бораи он абармард ва бо истинод ба фармудаҳои набавӣ дар хусуси он арҷманд, шеър бисёр сурудаанд ва сухан зиёд ба миён овардаанд, вале ба назари роқими сутур, ҳеч шеъре ба андозаи сурудаи Аллома Иқболи Лоҳурӣ, ки дар "Асрори худӣ" таҳти унвони "Дар шарҳи асрори асмои Алии Муртазо" суруда аст (ки дар поёни ин мақол ҳамаи он оварда мешавад), ҷомеъ ва фарогир ва ба зебоии он нест.

Аммо суол ин ҷост, ки чаро ин ҳама алоқа ва шайдоӣ ва муҳаббат ва дилбастагӣ ба Алӣ? Оё фақат бад-ин ҷиҳат, ки Алӣ писарамуи Паёмбар (с) ва домоди ӯст? Агар чунин бошад, ки сарвари олам писарамуҳои зиёд ва домод ҳам ғайр аз Муртазо дошт. Пас, сирре дигар дорад.

Ба назари инҷониб, ин шайдоӣ ва алоқа ва дилбастагӣ ба Муртазо Алӣ, фақат бад-ин сабаб ҳам нест, ки Паёмбар (с) ҷойгоҳи ӯро нисбат ба хеш басон ҷойгоҳи Ҳорун (а) ба Мӯсо (а) дониста ва фармуда: "Эй Алӣ! Ҷойгоҳи ту нисбат ба ман, ҷойгоҳи Ҳорун мар Мӯсорост ҷуз он ки паёмбаре пас аз ман нахоҳад омад." (Ривояти Муслим)

Ва ё ҳатто бад-ин хотир ҳам нест, ки Паёмбар (с) Алиро барои мусалмонон касе муаррифӣ мекунад, ки Худо ва паёмбарашро дӯст дорад ва Худо ва Паёмбараш низ ӯро дӯст медоранд, он ҷо ки ровӣ мегӯяд, рӯзи набарди Хайбар Паёмбар (с) фармуд: "Парчамро ба марде хоҳам супурд, ки Худо ба дастони ӯ фатҳу пирӯзӣ ба армуғон оварад; касе ки Худо ва Расулашро дӯст дорад ва Худо ва Паёмбараш низ ӯро дӯст медоранд." Ровӣ мегӯяд, асҳоб ҳамагӣ шаби худро ба ин фикр рӯз карданд, ки чӣ касе аз миёни эшон шарафёб ба ин ҷойгоҳи воло хоҳад шуд. Ва чун субҳ фаро расид, дидагони так-таки асҳоб ба Паёмбар (с) дӯхта буд ва ҳар як орзу мекард, парчам ба ӯ дода бишавад. Паёмбар (с) фармуд: Алӣ куҷост? Гуфтанд: эй Расули Худо! Чашмонаш дард доранд. Ҳазраташ фармуд: ба назди вай касе бифиристед (то биёяд). Вақте оварданд, Паёмбар (с) оби даҳони мубораки хеш бар чашмони Муртазо молид ва барои ӯ дуо кард, ки ҳамон лаҳза чашмони мубораки Алӣ дармон ёфтанд ба гунае ки гӯӣ лаҳзае пеш ҳеч дарде надошта. Он гоҳ Паёмбар (с) парчамро ба дастони ӯ супурд... (Ривояти Муслим)



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 next