Торихчае аз ҳаҷ ва чӣ гуна бино шудани Каъба



Дар ин мақола саъй шудааст аз таърихи ҳаҷ ва чӣ гуна бино шудани хонаи Каъба баёни кӯтоҳе бикунем. Умед аст, ки ин мақола барои онҳое, ки дар сафари ҳаҷ ҳастанд, сабаби афзоиши маълумот ва барои мушаррафшудагони хонаи Худо ва орзумандон ҳам мояи хушҳолӣ гардад.

Таваҷҷӯҳ ба Каъбаи Муаззама ва фаризаи ҳаҷ, аз аркони муҳимми эътиқодӣ ва амалии ислом аст. Оятҳои марбут ба ҳаҷ ва эҳтироми Каъба дар сураҳои Бақара, Оли Имрон, Моида, Анфол, Иброҳим, Ҳаҷ ва сураҳои дигар баён шудааст.

Дар китобҳои мӯътабари исломӣ, ҳаҷ аз пояҳои аслии ислом шумурда шуда ва барои намуна метавон ба китобҳои Мишкоти Шариф, Саҳеҳи Бухорӣ, Саҳеҳи Муслим ва китобҳои дигар муроҷиа намуд.

Барои огоҳии бештар аз фазилати Каъба, Ҳаҷар-ул-асвад, Мақоми Иброҳим (а), Масҷид-ул-ҳаром ва Маккаи Мукаррама кифоят мекунад, ки ба китоби “Эҳёи улуми дин”-и Ғаззолӣ назари кӯтоҳе бияндозем.

Фуруд омадани Ҳазрати Одам (а) ба замин ва сохтани ӯ Каъбаро ва ҳаҷ гузоридан ва тавофи ӯ ба хонаи Худо

Вақте ки ҳазрати Одам (а) аз биҳишт берун шуд, назди Парвардигор шикоят кард, ки Парвардигоро! Барои ман чӣ пеш омадааст, ки овози фариштагонро намешунавам ва вуҷудашонро дигар эҳсос намекунам? Аз тарафи Худо нидо омад, ки ин натиҷаи хатои туст, вале бирав ва барои ман хонае бисоз ва бар он тавоф кун ва бар гирди он маро ёд кун, ҳамон гуна ки фариштагон ва малоик анҷом медиҳанд.

Ҳазрати Одам (а) шурӯъ ба сохтани хонаи Каъба намуд ва ҳазрати Ҷабраил (а) дар ин кор ӯро кӯмак ва ёрӣ мекард, то ин ки хонаи Худо дар Макка сохта шуд.

Ибни Аббос, яке аз саҳобагони ҷалил-ул-қадр мегӯяд: “Аввалин касе ки асос ва пояи хонаи Каъбаро бунёд кард ва дар он намоз гузорид ва барои он тавоф кард, Одам (а) буд.”

Пас маълум мешавад, ки поягузори Каъба ва аввалин касе ки ҳаҷ намуд ва гирди хонаи Худо тавоф кард, Ҳазрати Одам (а) буд. Ва ҳоло бубинем ҳаҷҷи Одам (а) чӣ гуна будааст?

Ҳаҷҷи Одам (а)



1 2 3 next