Сирри ҷангидани баъзе аз саҳоба бо Алӣ алайҳис-салом



Мавлавӣ Ҳофиз: Ман аз баҳсҳои шумо бисьёр истифода кардам.    Матлабе, ки аз даврони таҳсил ба сурати мушкиле дар зеҳни ман монда буд ва ҷуръат намекардам аз устодон бипурсам бароям ҳал шуд. Саволи ман ин буд, ки чӣ тавр ду шахсият зидди ҳам  бо ду лашкар бар якдигар шамшер бикашанд, ҳазорон нафарро бикушанд ва ба хуни ҳам ташна бошанд, аммо ҳар дуро мўҳтарам, муқаддас, саҳобии бузургвор ва аҳли биҳишт бидонем? Чӣ гуна мешавад ду шахсиятеро, ки бо огоҳӣ ва шинохт аз ҳадафи шахси муқобил бо ҳам ҷангидаанд, ҳар дуро муҷоҳиди дар роҳи Худо бидонем? ОёПаёмбари бузургвори Ислом  борҳо нафармуда буд:    

"الحق مع علي و علي مع الحق يدور الحق حيث دار."

"Ҳақ ҳамеша бо Алӣ аст ва Алӣ ҳамеша бо ҳақ аст ва ҳақиқат ҳамеша гирдогирди Алӣ мечархад" (1).    

 Оё сардорони ҷангҳое, ки бар зидди Алӣ ба по хест аз саҳоба ва ёрони Паёмбар набуданд? Ин суханонро аслан нашнида буданд ва ҳеҷ хабаре надоштанд? Ва агар аз бузургони саҳоба буданд ва медонистанд, ки ҳадафи Алӣ ҳақ ва роҳи Худост, чаро огоҳона бо ҳақ ҷангиданд? Чаро мо онҳоро дар муқобили ин ҷанги огоҳона бо ҳаққу ҳақиқат шоистаи аҷри ухравӣ ва подоши илоҳӣ бидонем? Акнун то ҳудуде мазмуни ҳадиси Паёмбари гиромии Ислом, ки душманӣ бо Алиро нишонае аз нифоқ шуморидааст бароям равшан шуд, чун ҳеҷ диққате барои касоне, ки Алӣ ва мақоми маънавии вайро аз забони Паёмбар борҳо шунида буданд ва огоҳона ба ҷанг бо вай бархостанд, ба назар намерасад. Аммо ман ҳанўз наметавонам дар бораи он даста аз афроди ноогоҳ ва ҷоҳил, ки на Паёмбарро дидаанд ва на ин ҳадисҳои набавиро шунидаанд, қазоват кунам. Онҳо бо фиребкории мунофиқон, ҷазби лашкари душманони Алӣ шуданд ва ба хаёли ин ки роҳи Алӣ ботил аст ва ў аслан қадам ба масҷид намегузорад ва намоз намехонад ва роҳи душманони Алӣ, роҳи Худо ва ҳақ аст, дар лашкари душманони Алӣ ширкат карданд ва бар зидди ҳазрат шамшер кашиданд.

Мавлавӣ Абдуссамад: Бале, инҳо ҷузъи мустазъафоне хоҳанд буд, ки Худованд дар Қуръон фармудааст:

  "وآخرون مُرْجَوْنَ لِأَمر الله اِمّا يُعَذِّبَهُم واِمّا يتوب عَلَيْهِم..."

 "Гурўҳи дигар ҳам ҳастанд, ки бояд умедвор ба раҳмати Худо бошанд, чун ё ононро азоб хоҳад кард ё бахшиш." Сураи Тавба-106. 

Дар ин ҳангом дўсти Мавлавӣ Абдуссамад, ки ба унвони меҳмон, ҳамроҳи Мавлавӣ Абдуссамад дар ҷаласа буд ва то кунун  ғайр аз гўш кардани ин баҳсҳо коре накарда буд, лаб боз карду гуфт: "Он лашкариёни душманони Алӣ мустазъаф буданд, аммо мо ки бечора ва мустазъаф нестем, ҳозир ду соат аст, ки инҷо нишастаем ва мудири мадраса фикре барои таоми нисфирўзии мо накард. (Хандаи ҳозирин).

Мавлавӣ Ҳофиз: Ҳоло инҳо шўхӣ буд, аммо ман пас аз вуруди бародар Аминӣ супориш додам, ки таом омода кунанд, чун манзили мо наздики мадраса аст. Акнун, ҳам вақти таом аст  ва ман  дар хизмати ҳамаи шумо ҳастам ва пешниҳод мекунам, ки барои майли таом биравем. Пешниҳоди дуввуми ман ин аст, ки  иншоаллоҳ баъд аз намоз ва хўрдани таом ва миқдоре истироҳат, мехоҳам ин ҷамъ пароканда нашавад ва соате ҳам дар ҳавои мулоими аср биншинем ва бо ҳам сўҳбат кунем, то аз маълумоти якдигар баҳра бурда ва гумонҳои бад бартараф шавад ва мо бародарони динӣ аз назари фикрӣ ба ҳам наздик шавем. Оё мувофиқ ҳастед? Ҳамаи ҳозирон: Бале.

Мавлавӣ Ҳофиз: Бо пешниҳоди аввал мувофиқед ё дуввум? (Хандаи ҳозирин).



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 next