Мақом ва ҷойгоҳи модар дар назди Паёмбари раҳмат (с)



Парвардигори ҳастӣ дар каломи нуронии хеш, аз вуҷуди ду гавҳари арзишманд дар миёни мо инсонҳо хабар дода ва ба тарзи шигифтоваре онҳоро сутуда ва мақом ва манзилате мисолзаданӣ барои онҳо қоил шудааст. Ин ду гавҳари гаронсанг, яке вуҷуди пурхайру баракати падар аст, ва дигаре, вуҷуди пурмеҳру отифаи модар.

Мақом ва манзилате, ки он ягона холиқи ҳастӣ барои падару модар қоил шуда, мӯъминони роҳи ҳақ ва ташнагони роҳи фазилат ва камолро ба шигифтӣ водоштааст. Худованди беҳамто дар бахше аз каломи нуронии хеш, инсонҳоро нисбат ба некӣ дар ҳаққи падару модар суфориш намуда ва дар ин бора ба зебоӣ фармуда: “Ва одамиро дар бораи падару модараш суфориш кардем; (аз он рӯ, ки) модараш вайро бардошт (дар шикам) дар ҳоли нотавонӣ бар нотавонӣ (яъне ҳамли ӯ барояш сустӣ ва нотавонии рӯзафзун буд), ва даврони ширхорагии ӯ дар ду сол аст; (суфориш кардем), ки шукргузори Ман (Худой) ва падару модарат бош, ки саранҷоми ҳама ба сӯи Ман аст.” (Луқмон/14).

Чунон ки мулоҳиза фармудед, дар ин ояти шарифа, Худованди беҳамто шукргузорӣ аз падару модарро дар канори шукргузории хеш қарор додааст, ки ин худ баёнгари аҳаммияти фавқулода волое аст, ки он ягона холиқи ҳастӣ барои он ду гавҳари боарзиш қоил шудааст.

Модар дар эҳтиром, саҳми бештаре дорад

Аз Паёмбари гиромии ислом (с) дар мавриди ҳаққи модар суол карданд, он ҳазрат (с) дар посух фармуд: ҳайҳот, ҳайҳот, агар ба шумори регҳои биёбон ва қатраҳои борон дар хидмати модар биистед, баробар бо як рӯзе ки дар шиками ӯ будед нахоҳад буд.[1]

Фармоиши Паёмбари раҳмат (с) ҳақиқате аст, ки каломи нуронии ҳазрати Ҳақ низ онро таъйид менамояд. Он ягона холиқи ҳастӣ дар сураи муборакаи Аҳқоф дар бораи ин амр фармуда: “Ва мо инсонро ба некӣ дар бораи падару модараш суфориш кардем; модараш бо душворӣ ӯро ҳамл кард ва бо душворӣ ӯро зоймон намуд.” (Аҳқоф/15).

Дар ҳадис омадааст, ки марде назди Паёмбари гиромии ислом (с) омад ва арз кард: эй Паёмбари Худо! Ба чӣ касе некӣ кунам? Фармуд: ба модарат. Арз кард: баъд аз ӯ ба чӣ касе некӣ кунам? Фармуд: ба модарат. Барои севвумин бор арз кард: баъд аз ӯ ба чӣ касе? Ҳазрат фармуд: ба модарат. Ва дар чаҳорумин бор вақте ин суолро такрор кард, ҳазрат фармуд: ба падарат.[2]

Оё ҳаққи модарамро адо кардам?

Дар ривоят омадааст, ки марде модари пир ва нотавони худро бар дӯш гирифта буд ва ба тавофи хонаи Худо машғул буд, дар ҳамин ҳангом, хидмати Паёмбари раҳмат (с) расид ва арз кард: оё ҳаққи модарамро бо ин амал адо кардам? Ҳазрат (с) дар ҷавоб фармуд: на, ҳатто як нафаси ӯро ҷуброн накардӣ![3]

Агар як шаб модар бо ту маънус бошад, аз як соли ҷиҳод дар роҳи Худо беҳтар аст!



1 2 3 4 next