Симои Паёмбар (с) дар андешаи Имом Хумайнӣ (р)



Фароҳамоваранда: Ҳакимҷон Камолов, коршиноси маорифи исломӣ

Дар нигариши инсоншиносии Имом Хумайнӣ (р), ки баргирифта аз ислом аст, инсон мавҷуде аст, ки аз назари ҷисмӣ реша дар хок дорад ва аз назари руҳӣ маншааш Худост, ва ҳамон тавр ки Қуръон мефармояд: “Ва мо инсонро аз фишурдае аз гил офаридем[1] ва ё “Ҳангоме ки кори ӯ (Одам)-ро ба поён расондам ва дар ӯ аз руҳи худ (як руҳи шоиста ва бузург) дамидам, ҳамагӣ барои ӯ саҷда кунед.”[2]

Вуҷуди ду ҷанба дар инсон яъне ҷанбаи моддӣ ва ҷанбаи маънавӣ, ҳамчунин ирода ва ихтиёр дар ӯ, боис шудааст, ки аввалан, инсон зотан номаҳдуд ва қобилияти табдил шудан ба пасттарини мавҷудот ва ё лаёқати расидан ба олитарин мақом дар миёни ҳамаи мавҷудоти ҷаҳони ҳастиро доро бошад. Ва сониян, ба сабаби дар зери ҳиҷоби табиат будан, иштиғол ба касрат, дилбастагӣ ба дунё ва ҳиҷобҳои дигар, барои ташхиси камолу ҳидоят ба сӯи он, ниёзманди «усваи ҳасана» (улгу ва намунаи некӯ) аст. Ба ақидаи Имом Хумайнӣ (р), усваи ҳасана бояд дорои вижагиҳои зайл бошад:

1. Дар камол, ҷалол, ҷамол ва ҳамаи сифот, номаҳдуд ва сояи зоти ақдаси илоҳӣ бошад (ва ба таъбире дигар, халифа ва ҷонишини Худованди Мутаол бошад), то битавонад аз олам ва ҳама чиз бардошти саҳеҳ дошта бошад;

2. Ороста ба нур, таҳорат ва саодат бошад; қалбаш нури Ҳақ бошад ва ҷуз Ҳақ дар он тасарруф накунад.

Имом Хумайнӣ (р) дар ин маврид мефармояд:

Инҳое, ки бо қадами маърифат боло мераванд, то бирасанд ба он ҷое ки зот битамомиҳ (албатта на ин ки зот, балки ҷилваи зот) дар қалбашон ҷилва мекунад; (албатта) на дар ин қалб, (балки) он қалбе, ки Қуръон дар он ворид мешавад, он қалбе, ки мабдаи ваҳй аст, он қалбе, ки Ҷабраил (а)-ро мутаназзил мекунад, дар он қалб он ҷилвае, ки мешавад, як ҷилвае аст, ки тамоми ҷилваҳоро дорад, ҳам худаш Исми Аъзам аст, ҳам мутаҷаллии Исми Аъзам, Исми Аъзам худи ӯст. «نحنُ الاسماءُ الحُسنی» ”Мо Асмои Ҳусно ҳастем.”[3] Исми Аъзам худи Расулуллоҳ (с) аст, аъзами асмост дар мақоми таҷаллӣ.”[4]

Барои иқтидо ба ин усваи ҳасана ва пайравӣ аз ӯ, лозим аст роҳу равиши ӯро бишиносем. Имом Хумайнӣ (р) бо истинод ба фармоиши Расули Худо (с), яъне «Бигӯед: Ло илоҳа иллаллоҳ, растагор шавед», роҳи растагор шудан аз нигоҳи Паёмбари Худо (с)-ро тавҳид муаррифӣ мекунад ва мефармояд: “Паёмбари Худо (с) мехост дар тамоми дунё ваҳдати калима эҷод кунад. Мехост тамоми мамолики дунёро таҳти як калимаи тавҳид... қарор диҳад.”[5]

Асли тавҳид ба мо меомӯзад, ки инсон танҳо дар баробари зоти ақдаси Ҳақ бояд таслим бошад ва аз ҳеч инсоне набояд итоат кунад, магар ин ки итоати ӯ итоати Худо бошад. Бар ин асос, ҳеҷ инсоне ҳам ҳақ надорад инсонҳои дигарро ба таслим дар баробари худ маҷбур кунад ва ҷомеа ва миллатеро аз озодӣ маҳрум намояд, барои ӯ қонун вазъ кунад, рафтори ӯро бино ба дарку шинохти ноқиси худ ва ё бино ба хостаҳо ва амёли хеш танзим намояд, ва ҳамчунон ки қавонини ҳастӣ ва хилқатро Худованд муқаррар фармудааст, қонунгузорӣ барои пешрафтҳо низ дар ихтиёри Худои Таоло аст, ва саодату камоли инсонҳо ва ҷавомеъ, дар гарави итоат аз қавонини илоҳӣ аст, ки тавассути анбиё ба башар иблоғ шуда ва инҳитоту суқути башар ба иллати салби озодии ӯ ва таслим дар баробари соири инсонҳост.

Бинобар ин, анбиё маъмурият доранд, то он роҳҳое, ки башар намедонад ва он ҳақоиқеро, ки намешиносанд, ба онҳо таълим диҳанд ва мардумро аз роҳи хилоф, шақовату залолат наҷот дода ва онҳоро аз ҳизби шайтон ба ҳизби Худо ворид кунанд. Имом Хумайнӣ (р) дар ин маврид мефармояд:



1 2 3 4 5 6 7 8 next