Хутбаи ҳазрати Зайнаб духти Алӣ дар кохи Язид



 “Язид! Ҳарчи метавонӣ макру фиреб ва саъю талоши худро ба кор гир, вале бидон, ки ҳарчи макру талош ба кор гирӣ, ҳаргиз тавони онро надорӣ, ки ёди неки мо – Аҳли байти Паёмбар - ро аз ёдҳо берун барӣ. Ҳаргиз қудрат надорӣ, ки ваҳйи моро нобуд ва зикри моро хомӯш созӣ ва ба орзуи палиди деринаи худ ноил шавӣ. Саъю талоши ту ҳаргиз нахоҳад тавонист нангу ори аъмолатро аз доманат пок созад, ҳаргиз! ҳаргиз!”

Дар хусуси лаъну нафрин бар Язид, даъво бар сари ин нест, ки Язид касе буда дар торих, ки инак вуҷуд надорад ва агар муртакиби гуноҳе шудааст, худ дар пешгоҳи Худованди Мутаол посухгӯст, ки ҳол мо чӣ лаънаш кунем ва ё накунем, чизе тағйир нахоҳад кард. Аслан қазия ин нест. Агар касе чунин пиндорад, масъаларо дуруст нафаҳмидааст.

Балки казия он аст, ки дунё – аз Одам то Хотам ва то рӯзи вопасин – ҳамвора майдони набарди ҳаққу ботил буда ва ин майдон на аз вуҷуди Ҳусайну ҳусайниён холӣ будааст ва на аз амсоли Язиду язидиён. Язид, танҳо нумодест аз ҳокимони ҷавр, ки бояд лаън шаванд. Бинобар ин, лаън бар Язид, яъне лаъну нафрин бар язидиёни даврон ва пайкори хастагинопазир бо онон; касоне ки баноҳақ хун мерезанд ва баноҳақ ҳукм меронанд. Ин аст, ки бар мост ёди Ҳусайн ҳамеша зинда нигаҳ дорем ва як лаҳза ҳам аз лаъну нафрину пайкор бо Язиду язидиёни даврон даст барнадорем.

Дар ин навиштор бар онам, то хутбаи ҳазрати Зайнаб (с), духти гиромии ҳазрати Алӣ (а) ва ҳазрати Фотима Заҳро (с); касе ки дар Карбало ҳузур дошт ва баъд аз шаҳодати бародари гиромиаш Имом Ҳусайн (а), тавассути сипоҳи Язид ба асорат гирифта шуда ва аз Куфа ба Димишқ бурда шуд, биёварам.

Дар торих аст, ки пас аз он ки сари мубораки ҳазрати Имом Ҳусайн (с) пеши Язид оварда шуд, Язид чӯб бар лабу дандони ҳазрати Имом Хусайн (а) зад ва ашъори куфромезе хонд, ва он гоҳ ҳазрати Зайнаб (с) аз ҷо бархост ва ин хутбаро эрод фармуд:

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Худованди ҷахониёнро ҳамду сипос мегӯям ва бар Паёмбари Ислом ва хонадони ӯ дуруд мефиристам. Худованди Мутаол ҳақиқатро некӯ бозгӯ фармуд он ҷо ки дар Қуръони Карим баён дошт: “Кори касоне, ки зишткорӣ ва гуноҳ анҷом додаанд ба ҷое расид, ки оёти Худоро дурӯғ шумурданд ва онҳоро ба масхара гирифтанд”. Оре, каломи Худо рост ва айни ҳақиқат аст.

Язид! Аз ин ки замину осмонро бар мо танг гирифтаӣ ва моро ҳамонанди асирони кофир ба ин шаҳру он шаҳр кашондаӣ, оё гумон кардӣ, ки мо назди Худо хору паст шудем ва ту дар пешгохи Ӯ манзилат ёфтӣ?

Бо ин тасаввури хому ботил бар бағбағаи худ бод андохтаӣ ва бо нигоҳи ғуруромез ва нахватбор ба атрофи худ менигарӣ, дар ҳоле ки шодмон ҳастӣ аз ин ки дунёят обод ва бар вифқи муродат аст ва мақому мансаберо, ки ҳаққи мо хонадони Расули Акрам (с) аст дар даст гирифтаӣ. Агар чунин хаёли ботиле дар ту пайдо шуда, лаҳзае биандеш! Магар ту фаромӯш кардаӣ каломи Худоро, ки мефармояд: “Онон гумон накунанд, ки мӯҳлат ёфтан ба хайру саодаташон аст, на танҳо ба нафъашон нест, балки барои он аст, ки бар гуноҳони худ биафзоянд ва барои онон азоби зиллатбори абадӣ дар пеш аст!“

Эй фарзанди бардагони озодшуда! Оё адолат ин аст, ки занону канизони худро дар пушти парда ҷой диҳӣ, вале духтарони Паёмбари Худоро (с) дар миёни номаҳрамон ба асорат бигирӣ? Занону канизони худро пӯшида нигаҳ дорӣ, вале хонадони рисолатро бо душманонашон дар шаҳрҳо ва ободиҳо бигардонӣ, то бодиянишинон, хешону бегонагон ва авбошону ашроф ононро бибинанд? Дар ҳоле ки касе аз мардони хонадони рисолат ҳамроҳашон нест ва сарпарасту ҳимояткунандае надоранд?



1 2 next