Шамоили Паёмбари Акрам (с)



Мирзо Ҳалимов, коршиноси аршади риштаи торихи ислом

Расули Худо (с) дар чашмҳо азиму бузургвор ва хирадманду ороста менамуданд ва дар дилҳо азизу гиромӣ. Чеҳраи муборакашон мисли моҳи шаби чаҳордаҳ метобид ва дурахшону нуронӣ буд. Ранги чеҳраашон сафеди моил ба сурхӣ буд; на аз харобиву лоғарӣ дар чашмҳо ҳақиру нотавон менамуданд, ва на аз фарбеҳӣ ангуштнамо. Чеҳраи сафеду нуронӣ, чашмҳои калону сиёҳ, абрӯҳои борику камонӣ, сари калон ва қомати миёна доштанд.

Пешонии муборакашон баланду паҳн ва биниашон борику кашида буд. Дар сафедии чашмонашон каме сурхӣ дида мешуд. Абрӯҳои ба ҳам пайваста ва чеҳраи софу ҳамвор доштанд. Бандҳои дасту пояшон гӯштдор ва дастҳояшон дароз буд. Устухони китфҳояшон паҳно ва китфҳояшон васеъ буд. Кафҳои дасту пояшон паҳнову пургӯшт буд.

Баромадагии ду тарафи синаашон мӯй надошт, чуқурии кафи пояшон зиёдтар аз ҳадди маъмул буд, мижаҳояшон дароз, ришу мӯйлабашон зиёду зич, ва ришашон дароз буд. Мӯйҳои сафеде, ки чандто дар сару сураташон пайдо шуда буд, бо ҳина кардан сабз ба назар мерасид. Даҳонашон фарроху калону ширин, миёни биниашон баромада, дандонҳояшон сафеду аз ҳам ҷудо, мӯяшон дароз буд, аз миёни сина то ноф хатти борике аз мӯ доштанд. Тамоми андомҳои баданашон бо ҳам муносиб буд. Шикамашон бо синаашон баробар буд, синаашон паҳн ва гарданашон дар зебои мисли нуқра буд.

На бисёр баландқаду бевиқор, ва на хеле кӯтоҳу зананда буданд. Мӯи сарашон на сахту ҷингала ва на беқуввату афтода буд. Чеҳраашон на камгӯшт буд ва на пургӯшт ва на сафеди зананда. Чаҳоршона (чаҳорқирра)  буданд, бадани бе мӯ доштанд магар ҳамон мӯйе, ки аз сина то ноф буд. Бештарин мӯйҳои сафеде, ки аломати пирӣ аст, дар ду тарафи сари он ҳазрат (с) дида мешуд.

Кафи дастҳояшон монанди кафи дасти атрфурӯшон муаттар буд, кафи дасташон кушодаву васеъ, устухонҳои ангушти дасту пояшон дароз буд. Ҳангоми шодӣ чеҳраашон чун ойинаи рангоранг дурахшону диданӣ буд. Бардошта қадам мезаданд ва орому бовиқор роҳ мерафтанд. Дар корҳои хайр аз ҳама пешқадамтар буданд. Ҳангоми роҳ рафтан чунон қадам мезаданд гӯи ин ки аз баландие поин меомаданд. Дар ҳангоми табассум, дандонҳояшон мисли жола намоён мешуд, ва дар ҳангоми ханда, дандонҳояшон мисли ҷараққае медурахшид.

Андоми зебо ва хӯи хубу писандида доштанд; хушбархӯрд ва хушмаҷлис буданд. Ҳангоме ки бо мардум рӯбарӯ мешуданд, пешонияшон мисли чароғи фурӯзон назари ононро ҷалб мекард. Донаҳои арақ монанди марворид ба чеҳраашон меғалтид ва бӯи арақашон хушбӯтар аз мишку атр буд. Мӯҳри нубувват ва рисолат дар пушташон намоён буд.

Чанд ривоят:

1. Абӯҳурайра (р) мегӯяд: Он ҳазрат (с) вақте мехостанд ба пеш ё пушти сарашон нигоҳ кунанд, бо тамоми бадан бармегаштанд.[1]

2. Ҷобир ибни Самура (р) мегӯяд: Соқҳои пойи он ҳазрат (с) борику латиф буд.[2]



1 2 3 4 next