Бонуи ду олам



Заҳабӣ дар бораи ҳазрати Хадиҷаи Кубро (р), ҳамсари гиромии Паёмбари Акрам (с) менависад: “Маноқиб ва фазоили Хадиҷа бисёр аст. Ӯ аз ҷумлаи занони комил, оқил, пойбанд ба диёнат ва боиффату карим ва аз аҳли биҳишт буд. Паёмбар (с) ҳамеша ӯро мадҳу сано мекард ва аз дигар модарони мӯъминин бартар медонист.”

Дирӯз рӯзи вафот ва реҳлати ҳазрати Хадиҷаи Кубро буд, ба ҳамин муносибат тасмим гирифтем андаке дар бораи ин бонуи арҷманд бинависем. Ҳазрати Хадиҷаи Кубро, ки ба бонуи ду олам маъруф аст, 68 сол қабл аз ҳиҷрат ба дунё омадааст. Хонаводаи ҳазрати Хадиҷа аз хонаводаҳои бузург ва бошарофати араб буданд. Падари ӯ Хувайлид ибни Асади Қурайшӣ буд ва модараш Фотима духтари Зоид ибни Асам.

Ахлоқ ва рафтори Хадиҷа

Ҳазрати Хадиҷа дар фазилати ахлоқӣ бисёр маъруф буд, ки ба ин сабаб, дигар занони араб ба ӯ ҳасад меварзиданд. Ҳамин фазилатҳои ҳазрати Хадиҷа сабаб шуд, ки барои ҳамсарии Паёмбар (с) интихоб шавад. Тибқи ривоёт ҳазрати Хадиҷа (с) ёвари сиддиқи Паёмбар (с) буд.[1]

Он ҳазрат бонуе буд хирадманд, дурандеш ва шарофатманд ва аз назари насаб аз бартарин занони Қурайш буд.[2] Ӯ дар асари имтиёзоти ахлоқӣ ва иҷтимоии фаровоне, ки дошт, дар замони ҷоҳилият «Тоҳира»[3] ва «Сайидатул-Қурайш»[4] номида мешуд.

Заҳабӣ мегӯяд: “Маноқиб ва фазоили Хадиҷа бисёр аст. Ӯ аз ҷумлаи занони комил, оқил, пойбанд ба диёнат ва боиффату карим ва аз аҳли биҳишт буд. Паёмбар (с) ҳамеша ӯро мадҳу сано мекард ва аз дигар модарони мӯъминин бартар медонист.”[5]

Ҳазрати Хадиҷа (с) чунон мақоми болое дошт, ки Худованд ба он ҳазрат салом расондааст. Имом Муҳаммади Боқир (а) мефармояд: “Паёмбар (с) вақте ки аз Меъроҷ бармегашт, ба Ҷабраил (а) фармуд: “Оё ҳоҷате дорӣ? Ҷабраил (а) арз кард: “Хостаам ин аст, ки аз тарафи Худо ва ман ба Хадиҷа салом расонӣ.”

Издивоҷ бо Паёмбари Худо (с)

Баъд аз ин ки ҳазрати Хадиҷа аз мақомоти Паёмбар (с) бохабар шуд ва каромоти эшонро дид, бо он ҳазрат издивоҷ кард. Ба ривояти Ибни Аббос, ҳазрати Хадиҷа дар ҳангоми издивоҷ бо Паёмбар (с) 28 сола буд. Ҳангоми издивоҷи ҳазрати Хадиҷа (с) ва Паёмбар (с), ҳазрати Абӯтолиб ақди он ду бузургворро хонд.

Гӯё ӯ қаблан ду бор издивоҷ карда ва ҳамсаронаш даргузашта буданд[6] ва бузургони Қурайш ҳама алоқаманди издивоҷ бо ӯ буданд.[7] Мардони номдоре ҳамчун Утба ибни Абӯмуит, Абӯҷаҳл ва Абӯсуфён аз ӯ хостгорӣ карда буданд ва ӯ мувофиқат накарда буд.



1 2 3 next