Мудоро кардан бо мардум, сираи Паёмбари раҳмат буд



Паёмбари муҳаббат ва меҳрварзӣ, охирин фиристодаи Худо ба сӯи ҷаҳониён, ҳазрати Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с), дар ҳамин рӯзҳо яъне 28 сафар (баробар бо 8 июни соли 633 милодӣ) дори фониро тарк ва ба дори боқӣ шитофт. Ӯ, ҳам пайғомбари илоҳӣ аст ва ҳам ҳоким, ҳам муаллими ахлоқ аст ва ҳам сиёсатмадор, ҳам табиби қулуб аст ва ҳам муршиди уқул, ҳам ба охират таваҷҷӯҳ дорад ва ҳам ба дунё, ҳам ба фард нигоҳ мекунад ва ҳам ба ҷомеа...

Тавсияҳои иҷтимоии ӯ ҳама ҷомеъ ва фарогир ҳастанд; ҳам мардонро дарбар мегирад ва ҳам бонувонро, ҳам озодагон ва ҳам бардагонро, ҳам болиғон ва ҳам атфолро.

Иҷоза бидиҳед намунаҳое аз аҳдоси шарифи ҳазратро зикр намоям, то андаке аз ҷомеият ва ҳамаҷонибагии шахсияти он пешвои олимақом рух ҳувайдо кунад ва матолиби мо сирфи иддао набошад:

- Мефармуд: ду чизро аз дунёи шумо дӯст медорам: (эҳтиром ба) зан ва атрро, ва нури чашми ман дар намоз аст.

- Мефармуд: беҳтарини шумо хушрафтортарини шумо бо хонаводаи хеш аст, ва ман хушрафтортарини шумо бо онҳоям. Ҷуз каримон занонро такрим намекунанд, ва ҷуз инсонҳои паст ба занон иҳонат наменамоянд.[1]

- Мефармуд: комилтарини мӯъминон аз назари имон, хушахлоқтарини онҳост.[2]

- Мефармуд: дар бахшиш миёни фарзандони духтар ва писар баробариро риоят кунед, ки агар мехостам якеро бар дигарӣ бартарӣ диҳам, духтарон буданд.[3]

- Мефармуд: ҳамоно барои комил кардани арзишҳои ахлоқӣ фиристода шудаам.[4]

- Мефармуд: ҳамоно барои таълим ва ёддиҳӣ мабъус шудаам.[5]

- Мефармуд: аз зулм кардан бипарҳезед, ки дар рӯзи қиёмат сабаби зулумот ва торикиҳо мешавад.[6]



1 2 3 next