Ниёкони ҳазрати Муҳаммад (с) ҳама яктопараст буданд



Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ниёкон ва аҷдоди Паёмбари меҳрварзӣ (с), ки имрӯзҳо мусалмонон милоди фархундани ӯро ҷашн мегиранд, ҳамагӣ яктопараст ва муваҳҳид ва ҳаргиз дар баробари бут сар ба саҷда наниҳодаанд. Роқими сутур дар ин навиштор бар он аст, то бо истинод ба манобеъи ривоӣ ва торихӣ, шаммае дар бораи ниёкони ҳазрати Хатмимартабат (с) ва ин ки пайрави чӣ ойине будаанд, баҳс ба амал оварад.

Дар оғоз лозим аст ба ин матлаб ишора бикунам, ки ниёкони ҳазрати Муҳаммад (с) то бисту якумин нафари эшон, ба тартиб иборатанд аз: Абдуллоҳ, Абдулмутталиб, Ҳошим, Абдуманоф, Қусай, Килоб, Мурра, Каъб, Луай, Ғолиб, Феҳр, Молик, Назр, Кинона, Хузайма, Мудрика, Илёс, Музар, Низор, Маад ва Аднон.[1] Аммо номҳои ниёкони он ҳазрат (с) аз Аднон то ҳазрати Исмоили паёмбар (а) (фарзанди ҳазрати Иброҳим (а)) мавриди ихтилоф аст.[2] Нақл шудааст, ки Паёмбари Акрам (с) дар баёни насаби худ ҳангоме ки ба Аднон мерасид, аз шумориши боқии аҷдоди хеш худдорӣ меварзид[3] ва дигаронро низ ба ин амр тавсия мефармуд.[4]

Ниёкони ҳазрати Хатмимартабат (с) - аз падари бузургворашон ҳазрати Абдуллоҳ гирифта то Одами абулбашар - ҳамагӣ яктопараст ва муваҳҳид ва дар миёни онон аҳаде мушрик, бутпараст ва чандтопараст набуд.

Аз он ҳазрат (с) нақл шудааст, ки фармуд: “Худо пайваста маро аз сулб (камар)-и мардони пок ба арҳом (баччадонҳо)-и занони пок мунтақил сохт, то ба дунёи шумо овард ва ҳаргиз маро ба олудагиҳои ҷоҳилият олуда накард.[5] Истидлоли уламо бар яктопараст будани ниёкони он ҷаноб (с) бо ин ҳадис, ба ин сурат аст: бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ширк худ навъе палидӣ ва балки ҳеч палидӣ бадтар аз ширк нест, бинобар ин, агар мушрике дар миёни ниёкони он ҳазрат (с) мебуд, ҳаргиз пок шумурда намешуданд.

Ҳазрати Алӣ (к) дар ин замина фармудааст: “Ба Худо савганд, ки падару аҷдодам Абдулмутталиб ва Ҳошим ва Абдуманоф, ҳеч кадом бутеро напарастиданд. Онон пайрави дини Иброҳим (а) буданд ва ба сӯи Каъба намоз мехонданд.”[6]

Ҳарчанд падару модари он ҷаноб (с)-ро бархе аз уламо мушрик қаламдод мекунанд - алаёзу биллоҳ! -, вале уламои дигар ба шиддат бо ин назар ба мухолифат бархостаанд. Онҳо мегӯянд, на танҳо ҳазрати Абдуллоҳ падари он ҷаноб (с) ва ҳазрати Омина бинти Ваҳаб модари арҷманди он ҳазрат (с) муваҳҳид ва яктопараст буданд, балки ҳатто амуи бузургворашон яъне ҳазрати Абӯтолиб низ дар дини яктопарастӣ буданд.[7]

Ҳол, андаке дар бораи ҷадди бузургвори ҳазрат (с) ҳазрати Абдулмутталиб

Абдулмутталиб

Аз миёни ниёкони ҳазрати Муҳаммад (с) бештарин иттилоотро дар бораи Абдулмутталиб, ҷадди аввали он ҳазрат дорем; зеро ба асри ислом наздик будааст. Абдулматаллиб шахсияти маҳбуб, бахшанда, хирадманд ва сарвару паноҳгоҳи берақиби Қурайш буд.[8] Ӯ (ҳамчун ҳамаи шахсиятҳои бузурги илоҳӣ) фаротар аз ҷомеаъи хеш буд, ва бо он ки умри тӯлонӣ дошт, аммо ранги ҷомеъаи олудаи Маккаро ба худ нагирифт. Он рӯз дар муҳити Макка эътиқод ба маъод (қиёмат) вуҷуд надошт ва ё бисёр камранг буд. Аммо Абдулмутталиб на танҳо ба маъод эътиқод дошт, балки ҳатто дар бораи кайфару подоши рӯзи қиёмат таъкид мекард ва мегуфт: “Пас аз ин ҷаҳон ҷаҳоне хоҳад буд, ки дар он некӯкорону бадкорон ба подошу кайфари аъмоли худ хоҳанд расид.”[9]



1 2 next