Гуфтугў дар бораи адолати саҳоба



Ба номи Худованди бахшандаву

 меҳрубон

Ниёиш

"والذين جاءوا من بعدهم يقولون ربنا اغفرلنا و لاخواننا الذين سبقونا بالايمان و لا تجعل في قلوبنا غلا للذين آمنوا ربنا انك روءف رحيم."

Ва онон, ки пас аз муҳоҷирону ансор омаданд (ва бақия мўъминон) доим дар дуо ба даргоҳи Худо арз мекунанд,Парвардигоро! Мо ва бародарони диниамонро, ки дар имон пеш  аз мо шитофтанд, бубахш ва дар дили мо, кина ва ҳасади мўъминонро қарор надеҳ, Парвардигоро! Туӣ, ки дар ҳаққи бандагонат бисёр рауф  ва меҳрубонӣ". Сураи Ҳашр-10.

   Худовандо!Ту шоҳидӣ, ки мо на танҳо аз дўстдорон ва шифтагони саҳобаи солеҳи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ҳастем, балки бо он гурўҳ аз саҳобаҳои мўъмин, ки баъзан дучори гуноҳ ва лағзиш шудаанд, ҳеҷ, кина дар дил надошта ва аз ту оҷизона мехоҳем, ки бо раҳмат ва раъфати худ гуноҳонашонро бубахшӣ ва бо Паёмбари бузург саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ маҳшурашон намоӣ, ба ғайр аз мунофиқон, ки лаънати худ ва ҷовидонагӣ дар оташи ҷаҳаннамро ба онон эълон кардаӣ.

Бор илоҳо!Ту худат дар, китоби ваҳят ҷудоии хуб аз бадро аз қонунҳои худ муаррифӣ кардаӣ:

"ليميز الله الخبيث من الطيب..."

"То он, ки Худованд палидро аз покиза ҷудо созад". Сураи Анфол-37.

Ва ба мо фармон додаӣ дар ҳангоми истифода аз неъматҳоят бо диққат ба он назар кунем:

"فلينظر الانسان الی طعامه"

"Инсон ба таоми худ бо чашми хирад нигоҳ кунад". Сураи Абаса-24

Ва бандагони хуби ту низ чунин карданд мабодо, ки бо ворид шудани нопокиҳо дар вуҷудамон дучори беморӣ  ва гумроҳӣ шавем:



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 next