Нигоҳе гузаро ба нақши омӯзаҳои исломӣ дар шукуфоии тамаддуни ғарб



Қисмати аввал

Яке аз авомиле, ки дар шаклгирии тамаддуни ҷадиди ғарбӣ, бавижа дар абъоди фалсафӣ, илмӣ ва санъатии он таъсири ғайриқобили инкоре дошта, ислом ва тамаддуни исломӣ аст. Иштирокоти бунёдӣ, ки байни се дини иброҳимӣ - яҳудият, масеҳият ва ислом вуҷуд дорад, аз заминаҳои ин таъсиргузорӣ аст.

Ҳамчунин решаҳои фалсафии муштарак байни ислом ва ғарб ва ҳузури аносури юнонӣ ва тавҳидии баргирифта аз адёни илоҳӣ дар фалсафаи исломӣ ва ғарбӣ, аз дигар заминаҳои наздикии ин ду тамаддун аст. Ин заминаҳои муштарак роҳро барои таъсири фарҳанг ва тамаддуни исломӣ бар ғарб дар қуруни вусто ҳамвор кард. Бар ин пояҳо буд, ки андешаҳои фалсафӣ, илоҳиётӣ ва илмии ҷаҳони ислом дар қуруни вусто ба ғарб муаррифӣ шуд ва мӯҷиби таҳаввулоте чашмгир дар ҳавзаҳои ёдшуда дар ғарб гардид. Илмомӯзии бисёре аз муҳаққиқони ғарбӣ дар сарзаминҳои исломӣ ва назди олимони мусалмон, омезиши мусалмонон ва масеҳиён, тарҷумаи осори исломӣ аз арабӣ ба лотинӣ, тиҷорат ва ҷангҳои салибӣ шеваҳои гуногуне буданд, ки илму фарҳанги исломӣ аз тариқи онҳо вориди дунёи ғарб шуд ва Урупоро дучори таҳаввуле амиқ кард.

Инак, тафсили ин матлаб бо истинод ба манобеи торихӣ.

Калидвожаҳо: ислом, ғарб, фалсафаи исломӣ, улуми исломӣ, тамаддуни исломӣ, тамаддуни ғарбӣ.

Муқаддима

Байни ислом ва ғарб, илова бар иштирок дар асли инсоният, дар умури бунёдӣ ва асосии гуногуне низ нуқоти иштирок вуҷуд дорад. Албатта асли иштирок дар инсоният низ аз дидгоҳи фарҳанги исломӣ бояд ба ҳадди кофӣ битавонад мардумонро ба ҳам наздик кунад ва ҳамдилӣ ва бародарӣ эҷод намояд. Аз назари адёни тавҳидӣ, ҳамаи одамиён илова бар ин ки зоту сарнавишти воҳиде доранд, фарзандони як падару модар ҳастанд ва бинобар ин, аъзои як хонавода ба шумор мераванд. Оё узвият дар як хонавода худ ба танҳоӣ кофӣ нест, ки афродро бо ҳам муттаҳид созад? Ин шеъри маъруфи Саъдиро, ки бар сари дари Созмони Милал навиштаанд, шояд шунида бошед, ки мегӯяд:

Бани Одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,



1 2 next