Табассум, мазоҳ ва шӯхиҳои Паёмбари Акрам(с)



Ислом динест, ки ҳамеша ва дар ҳамаҷо таодулро ҳифз кардааст аз ҷумла ҷойҳое, ки ба ин амр тавсия мекунад дар боби ханда ва мазоҳу шӯхист, ки дар инҷо маворидеро зикр мекунем, ки баёнкунандаи марзи ханда ва шӯхиву мазоҳ аст.

1.    Ривоят аст, ки Паёмбари Худо(с) ҳангоми сухан гуфтан, табассум мекарданд.

2.    Паёмбари Акрам(с) дар бораи шӯхӣ мефармояд: Худо инсони шухтабъеро, ки дар шухии худ ростгӯ бошад бозҷӯӣ намекунад.

3.    Имом Алӣ(а) низ мефармоянд: “Хушруӣ  эҳсонест беҳазина”.

4.    Паёмбари Акрам(с) шухӣ мекард, вале ба ҷуз сухани ҳақ чизе намегуфт.

Аммо ривоёте, ки баёнгари мазоҳ ва шухиҳои Паёмбар мебошанд иборатанд аз:

1.        Маро ба ҳашт чормағз фурухтанд:

Рузе Паёмбари Акрам(с) ба ҳамроҳи Билол аз кучае мегузаштанд, бачаҳо машғули бозӣ буданд. Баччаҳо то Паёмбарро диданд дар гирди ӯ ҳалқа заданд ва доманашро гирифтанд ва гуфтанд, ҳамон тавр, ки Ҳасан ва Ҳусайнро бар шонаатон савор мекунед, моро ҳам бар шонаи худ савор кунед.

Бачаҳо ҳар як гушае аз домани Паёмбарро гирифта буданд ва бо шуру иштиёқ ҳамин ҷумларо такрор мекарданд. Паёмбар(с) бо дидани ин ҳама шуру шавқ ба Билол фармуданд: “Эй Билол! Ба манзил бирав ва ҳар чи пайдо кардӣ, биёвар то худро аз ин бачаҳо бихарам”.

Билол бо шитоб рафт ва бо ҳашт чормағз баргашт. Паёмбар(с) ҳашт чормағзро байни бачаҳо тақсим карданд ва ба ин тартиб худро аз дасти бачаҳо раҳо карданд ва ба ҳамроҳи Билол ба роҳашон идома доданд. Дар роҳ Паёмбар(с) рӯ ба Билол карданд ва ба мазоҳу шӯхӣ гуфтанд: “Худо бародарам Юсуфи сиддиқро раҳмат кунад. Ӯро ба миқдоре пули беарзиш фурухтанд ва маро низ ба ҳашт чормағз муомила карданд .”



1 2 next