Дӯстӣ дар аҳодис ва каломи бузургон



Дар ҷомеае, ки ахлоқ ва зарофатҳои ахлоқӣ мурда бошад, аз байн рафтани он ҷомеа ҳатмист.

Аз ҷумла масоили ахлоқие, ки бисёр ҳам муҳим аст, масъалаи дӯстист, бахусус дар даврони навҷавонӣ ва ҷавонӣ, чун ин мавқеъ ҳассостарин замони нақшпазирист, дар ин ҳангом лозим аст навҷавонон ва ҷавонон дар садади интихоби дӯсти хуб бошанд, зеро дӯсти нобоб инсонро аз роҳи мустақим мунҳариф месозад.

Агар дӯсти хуб пайдо накардӣ, ҳамон беҳ, ки танҳо бимонӣ, дар ин замина ҳадисе аз ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с)ворид шудааст, ки мефармоянд:

«Танҳоӣ беҳтар аз ҳамнишини бад даст».[1]

Аҳамияти интихоби дӯст

Интихоби дӯсти хуб дар ҳар марҳилаи зиндагӣ муҳим, аммо дар даврони навҷавонӣ ва ҷавонӣ муҳимтар аст.

Чӣ бисёранд ҷавононе, ки дар хонаводаи боимон, мутахаллиқ ба ахлоқи илоҳӣ дида ба ҷаҳон кушодаанд, лекин мутаассифона баъзе аз ин гурӯҳ ба иллати таваҷҷӯҳ надоштан ба масъалаи интихоби дӯсти нек ба каҷроҳа рафтанд ва хонаводаи худро беорӯ кардаанд, аз намунаи ошкори ин амр писари ҳазрати Нӯҳ (а) аст, ки ба далели муошират бо дӯстони бад дар гирдоби гумроҳӣ ғута зад:

Писари Нӯҳ бо бадон биншаст,

Хонадони нубувваташ гум шуд.

Дӯсти хуб моро ба ёди Худои таоло меандозад, аз гуноҳ боз медорад ва ба кори хайр водорамон месозад, ғамҳоямонро аз дил мезудояд, натанҳо пӯшонандаи айбҳост, балки барои ислоҳи он моро роҳнамоӣ мекунад; ҳазрати Алӣ (к) мефармоянд: Дӯсти ростин касест, ки туро дар бартараф кардани айбҳоят раҳнамоӣ кунад…



1 2 3 4 5 6 7 next