Чигунагии тарбияти ҷинсии кӯдакон аз дидгоҳи ислом




Deprecated: Function eregi_replace() is deprecated in /home/tajalshia/public_html/page.php on line 99

Deprecated: Function split() is deprecated in /home/tajalshia/public_html/page.php on line 103

Ғаризаи ҷинсӣ монанди дигар абъоди инсон, ниёзманди тарбият аст. Аз дидгоҳи ислом, тарбияти ҷинсӣ яъне фароҳамсозии заминаҳои рушду парвариши ғаризаи ҷинсӣ ба гунае ки ҳам “иффати ҷинсӣ” ҳосил шавад ва ҳам “саломати ҷинсӣ”. Ин аз вижагиҳои дидгоҳи дин аст, ки илова бар саломати ҷинсӣ, ба иффати ҷинсӣ низ меандешад.

Исломи азиз ҳамон тавр ки ба соири ҷанбаҳои тарбиятии кӯдакон аҳаммият додааст, ҳамчунин таваҷҷӯҳи вижае ба парвариши дурусти кӯдакон дар ноҳияи ҷинсӣ низ намуда. Агар мо мусалмонон, кӯдакони хешро дар ин буъд аз тарбият, тибқи дастуроти ислом ва Паёмбари Акрам (с) парвариш бикунем, ҳаргиз ҷомеаи мо олуда ба анвои фасодҳо ва инҳирофҳои ҷинсӣ нахоҳад шуд.

Дар ин навиштор, порае аз суфоришоти ҳазрати Паёмбари Акрам (с) ва дигар бузургони динро ҷамъоварӣ ва пешкаши хонандаҳои пойгоҳи Кимиёи саодат мекунам.

1. Ҷудосозии бистари писар ва духтар:

1. Паёмбари Худо (с): “Бистарҳои писар ва писар, писар ва духтар, духтар ва духтарро аз даҳсолагӣ аз ҳам ҷудо кунед.”

2. Паёмбари Худо (с): “Ҳаргоҳ кӯдаконатон ба ҳафтсолагӣ расиданд, бистарҳояшонро ҷудо кунед.”

2. Парҳез аз нигоҳ ба шармгоҳи кӯдак ва парҳези кӯдак аз нигоҳ ба шармгоҳи дигарон:

1. Паёмбари Худо (с): “Барои падару модар раво нест, ки ба шармгоҳи фарзанд нигоҳ кунанд ва барои фарзанд раво нест, ки ба шармгоҳи падар нигоҳ кунад.”

2. Ҳоким дар Мустадрак ба нақл аз Муҳаммад ибни Баёз: Дар хурдсолиам маро хидмати Паёмбари Худо (с) бурданд. Поралибосе бар танам буд ва авратам ошкор шуд. Эшон фармуд: ҳарими авраташро бипӯшонед, ки ҳурмати аврати кӯдак монанди ҳурмати аврати бузургсол аст ва Худованд ба ошкоркунандаи аврат нигоҳ намекунад.”

3. Андозаи бӯсидани духтару писар:



1 2 3 next