Паёмбари покиҳо дар асри ҷоҳилӣ



Ситорае бидурахшиду моҳи маҷлис шуд,
Дили рамидаи моро рафиқу мӯнис шуд.
Нигори ман, ки ба мактаб нарафту хат нанавишт,
Ба ғамза масъалаомӯзи сад мударрис шуд.

Дар миёни ҳамаи пайғамбарони ҷаҳон , Пайғамбари Акрам (с) ягона пайғамбаре аст, ки торихи комилан мушаххас дорад. Дар ин миён ба порае аз савобиқи дурахшони он Расули Гиромӣ ишорае мухтасар менамоем.

Пок аз ҳар гуна олудагӣ

Яке аз савобиқи бисёр мушаххаси Паёмбари Акрам (с) ин аст, ки дар ҳамаи он чиҳил соли қабл аз беъсат, ва балки дар ҳамаи умраш, аз аввали кӯдакӣ то охир, дар муҳити олудаи Ҳиҷоз, ки фақат ва фақат муҳити бутпарастӣ буд, ҳаргиз бутеро саҷда накард. Ин, яке аз мушаххасоти эшон аст. Ва агар як бор кӯчактарин тавозуе дар муқобили буте карда буд, дар даврҳое, ки бо бутҳо мубориза  мекард ба ӯ мегуфтанд: “Ту худат будӣ, ки як рӯз омадаӣ инҷо  муқобили Лот ва Ҳебел тавозуъ кардӣ”. Ба хотири ҳамин мушрикони Макка дар даврони муборизаи Паёмбари Акрам (с) бо бутҳо натавонистанд ин иддоро кунанд, ки ту ба бут саҷда карда будӣ. Ин нишонаи пок будани он ҳазрат аз ҳар гуна олудагӣ аст.

Садоқат ва амонате забонзад

Дигар собиқаи дурахшони Пайғамбари (с) дар даврони қабл аз рисолат , садоқат ва амонат ва ақл ва фатонати ӯст. Ҳамагон ба садоқат ва амонати он ҳазрат эътимоди фаровон доштанд ва дар бисёре аз корҳо ба ақли ӯ иттико доштанд.

Ҳатто ҳангоме, ки селе аз кӯҳҳои Макка сарозер шуд ва Каъбаро осеб расонид, дар бозсозии Каъба миёни қабилаҳои чаҳоргонаи Макка, ихтилофе рух дод ва ҳар раисе мегуфт: “Ифтихори насби “Ҳаҷарул-асвад” бояд насиби ман гардад.” Дар ин лаҳза марде пешниҳод кард ихтиёри ин корро ба дасти касе бисупорид, ки қабл аз ҳама аз яке аз дарҳои масҷидул-ҳаром ворид шавад. Дар ин интизор ба сар мебурданд, ки Паёмбар (с) ворид шуд ва садои ҳама ба ризоят баланд шуд. Гуфтанд: “Ин мард амин аст ва ҳарчӣ бигӯяд мавриди қабули мо аст. Ӯ дастур дод порчае оварданд , сангро дар миёни порча ниҳод ва ба ҳар як аз сарони чаҳоргона дастур дод яке аз гӯшаҳои порчаро бигиранд ва ба пои девори Каъба биоваранд. Онгоҳ худ бо дасти худ “Ҳаҷар”-ро бар ҷояш гузошт  ва аз ин тариқ аз як хунрезӣ ҷилавгирӣ намуд.

Баррасии зиндагонии Паёмбар (с) қабл аз беъсат гувошӣ бар сидқ ва ростгӯии ӯ дар иддиои нубувват, медиҳад. Зеро ин мард чиҳил сол дар миёни мардум ба дурустӣ ва покӣ маъруф буд то онҷо ки ӯро “Муҳаммади амин” номиданд.

Шогирди мактаби илоҳӣ

Яке дигар аз савобиқи Пайғамбари Акрам (с) ин аст ки “Уммӣ” буд, яъне мактаб нарафта ва дарс нахонда буд, ки дар Қуръон ҳам аз ин нукта ёд шуда аст. (Сураи Аъроф ояти 156-157) Уммӣ яъне касе, ки ба ҳолати модарзодӣ аз лиҳози иттилоъ бар навиштаҳо ва маълумоти башарӣ боқӣ монда аст, ва ё мансуб ба " уммат” аст, яъне касе, ки ба одати аксарият мардум аст, зеро аксарияти тӯда, уммӣ буданд ва хат ва навиштан намедонистанд ва танҳо иддаи каме медонистанд. Дар бораи дарс хондагӣ ва ошно набудани Расули Акрам (с) қабл аз рисолат бо хондан ва навиштан, ҳамвора ваҳдати назар миёни ҳамаи муфассирон балкии миёни ҷамии уламои исломӣ вуҷуди дошта аст.



1 2 next