Имом Ҳусейн(р) ва ҳифзи обрӯи мӯъмин



Марде аз мусалмонони Мадина аз шахсе қарздор шуд ва натавонист қарзи худро адо кунад, аз тарафе талабкор исрор дошт, ки ў қарзашро бипардозад.Он мард барои чораҷўӣ ба ҳузури Имом Ҳусайн (а) омад. Ҳанўз сухане нагуфта буд, Имом Ҳусайн(а) дарёфт, ки ў барои ҳоҷате омада аст. Барои ин ки обрўи ў ҳифз шавад, ба ў фармуд:

“Обрўи худро аз суоли рўёрўӣ нигаҳдор, ниёзи худро дар номае бинавис, ки ба хости Худо он чи туро шод кунад, ба ту хоҳам дод.”

 Ў дар номае навишт:

“Эй Абуабдуллоҳ! Фалон кас панҷсад динор аз ман талаб дорад ва исрор дорад, ки  талабашро бигирад, лутфан бо ў сўҳбат кунед то вақте ки пулдор шавам, ба ман мўҳлат диҳад.”

Имом Ҳусайн (а) пас аз хондани номаи ў, ба манзили худ рафт  ва кисае, ки ҳазор динор дошт, овард ва ба ў дод ва фармуд:

“Бо панҷсад динори ин пул, қарзи худро бипардоз ва бо панҷсад динори дигар, ба зиндагии худ сару сомон бидеҳ ва ҷуз ба назди се нафар ба ҳеҷ кас ҳоҷати худро магў: 1 – шахси диндоре, ки дин нигаҳбони ў аст;  2 - ҷавонмарде, ки ба хотири ҷавонмардӣ ҳаё мекунад ва  3 - соҳиби асолати хонаводагӣ, ки медонад ту ба хотири ниёзат, дўст надорӣ обрўи худро аз даст диҳӣ, ў шахсияти туро ҳифз мекунад ва ҳоҷататро раво месозад”.