Иртиботи муассир бо ҳамсар (2)



Қисмати дуюм

1- Дарки мушкилоти ҳамсар

Ҳар як аз зану мард фаъолияти махсусе дорад ва масири муайянтареро мепаймояд. Дар ҳавзаи ҳар як аз онон мушкилот ва сахтиҳо ва мавонеи хоссе вуҷуд дорад ки дар ҳавзаи фаъолияти дигарӣ нест. Аз ин рӯ дарки масоили ҳар як барои дигарӣ, бисёр сахт ва дарки комил ҳам маҳол аст.

Вале чун ин ду мавҷуд канори ҳам қарор гирифтаанд ва зиндагии муштараке ташкил додаанд, мушкилоти ҳар як аз онон бо дигарӣ иртибот пайдо мекунад. Бинобар ин ҳамсарон бояд дар ҳалли мушкили тарафи муқобил талош ва ҳамроҳӣ кунанд.

2- Айбпӯшӣ

 Зану мард бояд бидонанд ки дар нафъ ва зарари ҳам шариканд. Ва наздиктар ва маҳрамтар аз якдигар касеро надоранд. Бинобар ин бояд дар ҳифзи асрори ҳам кӯшо бошанд. Худованди Мутаол зану шавҳарро либоси якдигар қарор дода ва ба он ташбеҳ кардааст. Яъне чунон чи либос ва ҷома ҳофизи тан аст ва ҳиҷоби рӯи айбҳои бадан, зану шавҳар ҳам нисбат ба якдигар бояд чунин бошанд. Агар айбе дар тарафи муқобил диданд набояд онро ба дигарон ҳатто падар ва модари хеш бозгӯ кунанд.

3- Ташаккур ва қадрдонӣ

Барои гарм нигаҳ доштани конуни меҳр ва сафо дар зиндагӣ танҳо анҷоми вазифа ва муҳаббати қалбӣ кофӣ нест. Изҳори муҳаббат ва ташаккур нисбат ба ҳам таъсири равонии амиқе дар руҳи тарфи муқобил боқӣ мегузорад. Иддае аҳли ташаккур ва ибрози лафзӣ нестанд ё фикр мекунанд қадрдонӣ шахсияти онҳоро поин меоварад ва ё ин ки мавқеи тарафи муқобилро боло мебарад; ва аз назари ислом ҳар ду тасаввур, тасаввури хато аст. Усулан дар миёни ҳамин ташаккурҳо ва ҷавобҳо, аҳволпурсиҳо ва таоруфҳо миқдори адаб, ва сабр ва инсонияти тараф мушаххас мешавад. Шояд ба назар сода бошад аммо таъсири амиқе дар қалби ҳамсари шумо мегузорад. Ба хусус агар бо лабханд ва аз  самими қалб адо шавад.

 4- Эҳсоси масъулият

Инсон то танҳост, бештар дар фикри худ аст ва руҳияи комиле барои масъулиятпазирӣ надорад. Эҳсоси масъулият ҳамон виждони ахлоқӣ ва нафси лаввомааст ки нақши зиёде дар покзистӣ ва инзиботи рафторӣ дорад. Виждони ахлоқӣ дар ҳақиқат додгоҳи кӯчаке дар даруни ҷони инсон аст. Издивоҷ эъломи омодагӣ барои пазириши масъулият аст ва ин эҳсос дар равобити зану мард бояд дусӯя бошад. Ба тавре ки ҳар ду дар қиболи ҳам эҳсоси вазифа дошта бошанд.



1 2 next