Саҳобаи бахил, тарки закот ва рўй гардондан аз ҳақ



5-Яке аз саҳобаи бузургвор ба номи Саълаба ибни Ҳотиб ибни Умар ибни Умайя, ки дар ҷанги Бадр ва Уҳуд ширкат карда буд ва ҳамеша дар намози ҷамоати Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ширкат мекард ва ҳамроҳи ҳазрат буд, рўзе аз шиддати фақр ба Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ шикоят кард ва дархости дуо барои сарватманд шудани худ намуд. Ҳазрат фармуд: "Моли каме, ки ба ҳамроҳаш шукргузории Худо бошад, беҳтар аз сарвати бисёр аст, ки тоқати анҷоми вазифаро надошта бошӣ". Аммо ў Паёмбарро маҷбур кард, ки барояш дуо кунанд ва Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дуо карданд ва Худованд ўро сарватманд намуд. Саълаба пас аз сарватманд шудан, ҳамроҳӣ бо Паёмбар ва ширкат дар намози ҷамоат ва масҷиди эшонро тарк кард, ҳатто закоти молашро намедод, бухл меварзид ва аз Худо рўйгардон шуд. Худованд ин оятро барои сарзаниши ў нозил кард:

"ومنهم من عاهد الله لَئِن آتانا من فضله لَنَصَدَّقَنَّ ولنكونَنَّ من الصالحين فلما آتاهم من فضله بخلوا به وتولَّوا وهم مّعرضون."

   "Баъзе аз онон бо Худо паймон баста буданд, ки агар Худо ба мо аз фазли худ ризқу рўзӣ диҳад, ҳатман садақа хоҳем дод ва аз солеҳон ва шукргузорон хоҳем буд. Аммо ҳангоме, ки Худованд аз фазли худ ба онҳо бахшид бухл варзиданд ва сарпечӣ карданд ва рўй гардонданд." Сураи Тавба-75-76. (1)

Намозгузорони риёкор ва гумроҳ аз роҳи Худо

 6-Худованд дар Қуръон гурўҳе аз уммати Исломро, ки мусулмон шуда намоз мехонанд, Паёмбарсаллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам-ро дида ва аз гурўҳи саҳоба буданд он қадар паст ва беарзиш муаррифӣ мекунад ва мефармояд:

"ان المنافقين يخادعونَ اللهَ وهو خادعهم واذا قاموا الی الصلاة قاموا كسالی يراؤُن الناس ولا يذكرون الله اِلاّ قليلا  مذبذبين بين ذلك لا الی هؤلاءِ ولا الی هؤلاءِ ومن يُضْلِلِ اللهُ فلن تجد له سبيلا"

 "Ҳамоно мунофиқон ба фиребу найранги Худо баромадаанд ва ҳол он ки Худованд фиреби онҳоро бар зарари худашон тамом мегардонад ва онгоҳ, ки намоз мехонанд суст ҳастанд ва мақсадашон худнамоӣ аст ва камтар ба ёди Худо ҳастанд. Инҳо байни ҳаққу ботил дар шак ҳастанд на комилан мўъмин ва на комилан кофир ва касеро, ки Худованд гумроҳ кунад, ҳаргиз роҳи наҷоте барои ў нахоҳӣ ёфт". Сураи Нисо-142-143.

Ду ҳамсарони Паёмбар фош кунандагони сирри Расули Худо саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам

 7-Худованди бузург дар сураи Таҳрим, оятҳоеро бо лаҳни тунд нисбат ба ду тан аз ҳамсарони Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам нозил кардааст. Гуноҳи ошкор кардани сирри Расули Худоро ба онон тазаккур дода, сарзаниш мекунад ва ба онон ҳушдор медиҳад, ки агар аз ин гуноҳ тавба накунед, Паёмбар шуморо талоқ диҳад ва занони беҳтар аз шуморо интихоб кунад. Дар баъзе аз тафосир, мисли тафсири "Ад-Дур-ул-мансур"-и Суютӣ:

"واذْ اَسَرَّ النبيُ صلی الله عليه وآله...قال لحفصة: ابوك وابو عائشة واليان الناس بعدي فاِيّاكِ ان تخبري احدا."

Ба равшанӣ омадааст, ки ду ҳамсари фошкунандаи хабар, Оиша ва Ҳафса будаанд ва он сир, ё никоҳи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бо Мория буда ва ё пешгўӣ аз зимомдории (ҳукуматро ба даст гирифтани) ҷаноби Абўбакр ва Умар будааст: (2) 

"واذ اَسَرّ النبيُّ الی بعض ازواجه حديثا فلما نبأت به واظهره الله عليه عرف بعضه واعرض عن بعض فلما نبأها به قالت من انبأك هذا قال نبأني العليم الخبير ان تتوبا الی الله فقد صغت قلوبكما وان تظاهرا عليه... عسى ربه ان طلَّقكنَّ ان يُبدِلهُ ازواجا خيرا منكن مسلمات مؤمنات قانتات تائبات عابدات سائِحات ثيِّبات وابكارا."



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 next