Ягонагии Худо



Худованди мутаол мислу монанд ва шарик надорад. Асосан маҳол аст, ки Худованд мисл ва монанд дошта бошад ва дар натиҷа ба ҷои як Худо, ду Худо ё бештар дошта бошем. Зеро дуто ё сето ва ё бештар будан, аз хоссиятҳои махсуси мавҷудоти маҳдуди нисбӣ аст. Дар бораи мавҷуди номаҳдуд ва мутлақ, якчандтоӣ ва касрат (беш аз яке будан) маъно надорад.

Масалан мо метавонем як фарзанд дошта бошем ва ҳам метавонем ду фарзанд ё бештар дошта бошем, метавонем як дўст дошта бошем ва ҳам метавонем ду дўст ё бештар дошта бошем. Зеро фарзанд ва ё дўст, ҳар кадом як мавҷуди маҳдуд аст ва мавҷуди маҳдуд метавонад дар мартабаи худ мисл ва монанде дошта бошад ва дар натиҷа якчандтоӣ ва касрат бипазирад. Аммо мавҷуди номаҳдуд, якчандтоиро намепазирад. Мисоли зерин ҳарчанд аз як назар кофӣ нест, вале барои тавзеҳи матлаб муфид аст.

Дар бораи ҷанбаҳои ҷаҳони моддӣ ва маҳсус, яъне ҷаҳони ҷисмҳо, ки машҳуд ва малмуси мост, донишмандон ду гуна назар додаанд. Бархе муддаӣ ҳастанд, ки ҷанбаҳои ҷаҳон, маҳдуд аст, яъне ин ҷаҳони маҳсус ба ҷое мерасад, ки дар он ҷо дигар тамом мешавад. Вале бархе дигар муддаӣ ҳастанд, ки ҷанбаҳои ҷаҳони моддӣ, номаҳдуд аст ва аз ҳеҷ тараф поён намепазирад; ҷаҳони модда, аввал ва охир ва васат надорад. Агар мо ҷаҳони модда ва ҷисмро маҳдуд бидонем, як пурсиш барои мо матраҳ мешавад ва он ин ки: Оё ҷаҳони моддии ҷисмонӣ “як” аст ё бештар? Вале агар ҷаҳон, номаҳдуд бошад, дигар фарзи ҷаҳони ҷисмонии дигаре ғайри ин ҷаҳон, номаъқул аст, ҳарчиро, ки ҷаҳони дигар фарз кунем, айни ин ҷаҳон ё ҷузъе аз ин ҷаҳон аст.

Ин мисол марбут аст ба ҷаҳони ҷисмҳо ва вуҷудҳои ҷисмонӣ, ки маҳдуд ва машрут ва махлуқ офарида шудаанд ва ҳеҷ кадом, воқеъияташон воқеъияти мутлақ ва мустақил ва қоим ба зот нест. Ҷаҳони моддӣ дар айни ин ки аз назари ҷанбаҳо номаҳдуд аст, аз назари воқеъият маҳдуд аст. Ва чун бино ба фарз аз назари ҷанбаҳо номаҳдуд аст, дуввум барояш фарз намешавад.

Худованди мутаол вуҷуди номаҳдуд ва воқеъияти мутлақ аст ва бар ҳамаи чизҳо иҳота дорад ва ҳеҷ макон ва замоне аз ў холӣ нест ва (ба таъбири Қуръони карим) аз раги гардани мо ба мо наздиктар аст. Пас маҳол аст, ки мисл ва монанде дошта бошад, балки мислу монанд барояш фарз ҳам намешавад.

Ба илова мо осори иноят ва тадбир ва ҳикмати ўро дар ҳамаи мавҷудот мебинем ва дар саросари ҷаҳон як иродаи воҳид ва машийати (хости) воҳид ва назми воҳид мушоҳида мекунем ва ин худ нишон медиҳад, ки ҷаҳони мо “якконунӣ” аст, на “дуконунӣ” ва “чандконунӣ”.

Гузашта аз инҳо, агар ду Худо ва ё бештар мебуд, мебоист ду ирода ва ду машиат ва ё бештар дахолат дошт ва ҳамаи он машиатҳо ба нисбати воҳид дар корҳо муассир мебуд ва ҳар мавҷуде, ки мебоист мавҷуд шавад бояд дар они воҳид ду мавҷуд бошад то битавонад ба ду конун мунтасиб бошад ва боз ҳар як аз он ду мавҷуд низ ба навбати худ ду мавҷуд бошанд ва дар натиҷа ҳеҷ мавҷуде падид наояд ва ҷаҳон несту нобуд бошад. Ин аст ки Қуръони карим мегўяд:

“Агар Худоёни мутааддид (якчандто) ғайр аз зоти ягонаи ў вуҷуд медошт, осмон ва замин табоҳ шуда буданд.”

Муаллиф: Сайидюнуси Истаравшанӣ



1 next