Подшоҳ ва канизак



Мавлоно барои ҳар кас, ки дар ҷустуҷӯи ҳақ ва ҳақиқат аст, фориғ аз ҳар дину ойин, паёме дорад.

Аввалин достони Маснавии маънавӣ, ҳикояти "Подшоҳ ва канизак" аст ва достон бо ин байт шурӯъ мешавад:

Бишнавед, эй дӯстон, ин достон,

Худ ҳақиқат нақди ҳоли мост он.

Яке аз абёти ҷолиб ва шакбарангези достон ҳамин байт аст. Мавлоно аз шунаванда мехоҳад, ки достонро гӯш диҳад ва ба ӯ мегӯяд, ки ин достон ҳикояти худи мост. Аммо оё ба ростӣ ин ҳикояти мост? Оё ин иттифоқ барои ҳамаи мо меуфтад? Чаро Мавлоно ин байтро бо ҳама таъмим медиҳад? Ин суоле аст, ки дар тайи достон ва тафсираш ба ҷавоби он хоҳем расид.

Буд шоҳе дар замоне пеш аз ин,

Мулки дунё будашу ҳам мулки дин.

Иттифоқо, шоҳ рӯзе шуд савор,

Бо хавоси хеш аз баҳри шикор.

Як канизак дид шаҳ бар шоҳроҳ,



1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 next