Омилҳои эҷоди муҳаббат дар хонавода



Хонавода конунест, ки фардро сохта, парвариш дода ва ба ҷомеа таҳвил медиҳад. Фард агар дар хонавода хуб тарбият ёбад, қатъан дар ҷомеа низ асари босазо ва рафтори хуб аз худ нишон хоҳад дод, ва ин, баёнгари бунёни хонавода ва арзиши хонаро нишон медиҳад.

Аз ҳамин сабаб ислом ба ин мавзӯъ аҳаммият дода, афродро дар ташкил, эҷод, таълим ва тарбияти хонавода тавсияҳое намудааст, ки ҳар кадом аз тавсияҳо буҳронҳои имрӯзи ҷавомеи башариро ҳадаф гирифтааст. Агар ба дастуроти исломӣ дуруст амал шавад, қатъан буҳронҳои рӯҳӣ, маънавӣ, моддӣ, хонаводагӣ ва ғайра ҳаргиз по ба арсаи ҳаёт нахоҳанд гузошт. Бинобар ин, бузурге фармудааст, ки: “Зиндагӣ маънои Қуръон асту бас”.

Дар ин мақола мо бар онем, ки омилҳои эҷоди ишқ дар хонаводаро аз дидгоҳи ривоёт баррасӣ намуда, баён кунем, то касоне ки мехоҳанд конуни хонаводаи худро гарм нигоҳ доранд ва ба дур аз буҳронҳо бошанд, онро ба зиндагии худ татбиқ дода, ба он амал намоянд. Умед аст, ки дар зери амал ба дастуроти ислом, ба саодат ноил шавем.

Омилҳои эҷоди муҳаббат дар хонавода дар аҳодиси исломӣ

Дар ривоёт, дар мавриди ишқ варзидан ба хонавода, аҳодиси бисёре омадааст, ки ҳокӣ аз аҳаммияти ин амр дорад. Бинобар ин, мо онҳоро яко-як баррасӣ намуда, баён медорем. Инак ин аҳодис:

1. Имон, меҳвари муҳаббат:

من احب لله و ابغض لله و اعطى لله فهو ممن کمل ایمانه

Ҳар кас ба хотири Худо дӯст бидорад ва ба хотири Худо душман бидорад ва ба хотири Худо ато кунад, аз касоне аст, ки имонаш комил шудааст.”[1]

Дар ривоят аст: “Агар хостӣ бидонӣ дар ту хайре ҳаст, ба дилат нигоҳ кун, ки агар фармонбардорон (-и дастуроти илоҳӣ)-ро дӯст дорад ва аз аҳли маъсияти Худо бадаш меояд, дар ту хайре ҳаст ва Худованд туро дӯст дорад. Вале агар аз аҳли итоат бадаш меояд ва аз аҳли маъсият хушнуд аст, пас бидон, ки ҳар касе бо дӯсти худ хоҳад буд”,[2] яъне дар қиёмат дӯст бо дӯст аст.

Ва низ омадааст: “Ҳар кас ки меъёри муҳаббат ва душмании ӯ дин набошад, дин надорад.”[3]



1 2 3 4 next