Рафтор дар хонавода аз дидгоҳи ислом



Дар ин навиштор, ривоятҳоеро гирд овардаем, ки дар мавзӯи чигунагии рафтор ва кирдори марду зан бо якдигар ва ҳамчунин ҳар як аз онҳо бо фарзандон ва соири инсонҳо мебошад. Бештари ин ривоётро аз китоби арзишманди “Оиладорӣ аз нигоҳи Қуръон ва суннат” нақл намудаем. Паёмбари Худо (с) фармудаанд: “Некимонтарини мардум, хушахлоқтарини онҳо ва касе, ки бо хонадонаш меҳрубонтар аст. Ман меҳрубонтарин шахс ба хонадонам ҳастам.

1. Хушрафторӣ:

1. Қуръони Карим: “Бо онон (занон) ба некӣ рафтор кунед.” (Нисо/19)

2. Дар ривоят аст, ки: “Мард барои идораи хона ва оилааш ба се хислат ниёз дорад, ки бояд онҳоро ба кор гирад гарчи ин хислатҳо дар табиат ва даруни ӯ набошад: хушрафторӣ, гушодадастии санҷида ва ғайрат барои номусдорӣ.”

2. Хушахлоқӣ:

1. Паёмбари Худо (с): “Бо хонадон, ҳамсоягон ва касоне ки бо онон муошират ва ҳамнишинӣ дорӣ, хушахлоқ бош, то назди Худованд дар дараҷоти баланд қарор гирӣ.”

2. Дар Муснади Ибни Ҳанбал ба нақл аз Абӯабдуллоҳи Ҷадалӣ омадааст: “Ба Оиша (р) гуфтам: Ахлоқи Паёмбари Худо (с) бо хонаводааш чӣ гуна буд? Гуфт: Некхӯтарини мардум буд; на дашном медод ва на бадзабонӣ мекард ва на аҳли ҳаёҳу кардан дар кӯчаю бозор буд ва на бадиро бо бадӣ ҷуброн мекард, балки мебахшид ва гузашт мекард.”

3. Паёмбари Худо (с): “Дар рӯзи қиёмат касе аз шумо ба ман наздиктар менишинад, ки хушхӯтарини шумо бошад ва барои оилааш беҳтарин кас бошад.”

4. Паёмбари Худо (с): “Некимонтарини мардум, хушахлоқтарини онҳо ва касе ки бо хонадонаш меҳрубонтар аст. Ман меҳрубонтарин шахс бо хонадонам ҳастам.”

5. Паёмбари Худо (с): “Комилтарини мӯъминон дар имон касе аст, ки хушахлоқтарин ва бо хонаводааш меҳрубонтарин бошад.”



1 2 3 4 5 6 7 next