Дуо ва фалсафаи он



Парвардигоратон гуфт: “Бихонед маро то шуморо посух гӯям”.[1]

Дуо яъне дархост аз Худо ва сухан гуфтан бо ӯ. Дуо, бархоста аз навъе огоҳӣ ба нақсу ниёзи худ ва ғинову бениёзии Парвардигор аст. Эҳсоси чунин ниёзе, омили ҳаракати инсон ба сӯи камол ва бартараф шудани ниёзаш аст,   ва чун ниёзҳо ва костиҳо анвои гуногуне дорад, дуоҳо ва дархостҳо ба шаклҳои мухталиф ва бо ҳадафҳои мутафовите сурат мепазирад.

Дуо, аз умури фитрии башар аст; аз ин рӯ, дар ҳама ақвому милал ва адён ба наҳве зуҳур дорад ва ончи руҳи башар хаста аз чархиши моддаро осоишу нишот ва тозагӣ мебахшад, лаҳзаҳое аст, ки бо Худои худ хилват карда ва ба муноҷот бо ӯ мепардозад. Расули Акрам (с) дуоро барои мӯъмин як силоҳ номиданд:

“Дуо, силоҳи мӯъмин аст”.[2]

Ҳофиз мегӯяд:

Дил гуфт висолаш ба дуо боз тавон ёфт

Умре аст ки умрам ҳама дар кори дуо рафт

Ҳолати дуо мумкин аст аз даруни дили  инсон берун шуда бошад ва танҳо ҳангоми зарурӣ ва эҳсоси бепаноҳӣ рух бинамояд,[3] ин ҳолат иртиботе дар ҷони инсонҳои мӯъмин, ба сурати унсуре фаъол дар саҳнаи ҷонашон ҷилва мекунад ва яке аз заруриёти зиндагии маънавии онҳо ба шумор меояд.

Илоҳӣ туӣ огаҳ аз ҳоли ман

Аён аст пеши ту аҳволи ман



1 2 3 next