Ҷойгоҳи ақл дар ислом



Паёмбари Худо (с): “Фариштагон бо хирад дар фармонбардорӣ аз Худованд кӯшишу талош карданд ва инсонҳои мӯъмин низ ба андозаи хирадашон дар роҳи тоати Худованд кӯшишу талош намуданд. Пас, аз миёни онон касоне бештарин фармонбардорӣ аз Худовандро ба ҷой оварданд, ки бештарин баҳраро аз хирад доштанд.”

Паёмбари ислом (с) фармудааст: “Сифати оқил он аст, ки дар баробари аҳмақии нодон бурдборӣ мекунад ва аз он ки бар ӯ ситам карда, мегузарад ва нисбат ба зердастон фурӯтанӣ менамояд ва бо болодастон дар ҷустуҷӯи хубӣ рақобат меварзад ва ҳаргоҳ хост сухане бигӯяд, меандешад, то агар хуб буд, бар забон овараду баҳра ҷӯяд ва агар бад буд, сукут кунаду солим бимонад. Ва агар лағзишгоҳе барояш пеш омад, аз Худованд саломат металабаду дасту забони худро нигаҳ медорад. Ва агар фазилате дид, бо шитоб аз он баҳра мегирад. Ва ҳаё аз ӯ ҷудо намешавад ва тамаъ аз ӯ ошкор намегардад. Инҳо сифоти даҳгонае ҳастанд, ки оқил бо онҳо шинохта мешавад.

Арзиши ақл

1. Паёмбари Худо (с): “Ақл ҳадяест аз Худованд.”

2. Паёмбари Худо (с): “Худованд чизе боарзиштар аз ақл дар миёни бандагон тақсим накард. Бинобар ин, хоби оқил бартар аз шабзиндадории ҷоҳил аст ва хӯрдани оқил бартар аз рӯзаи нодон аст ва барҷо истодани оқил бартар аз ҳаракат кардани ҷоҳил аст.”

3. Паёмбари Худо (с): “Эй гурӯҳи Қурайш! Ҳамоно табори одамӣ дини ӯст ва ҷавонмардияш хулқу хӯи ӯст ва бунёдаш ақли ӯст.”

4. Паёмбари Худо (с): “Дӯсти ҳар инсоне, ақли ӯ ва душманаш ҷаҳли ӯст.”

Ташвиқ ба тааққул, тафаккур ва тафаққуҳ

1. Қуръони Карим: “Ин гуна Худованд оёти худро барои шумо баён мекунад, бошад ки бияндешед.” (Бақара/242)

2. Паёмбари Худо (с): “Худо бо чизе беҳтар аз ақл, мавриди парастиш қарор нагирифтааст.”



1 2 next