Интихоби ҳамсар аз дидгоҳи ислом



Паёмбари Худо(с): “Аз хушбахтии мард, доштани ҳамсари шоиста аст.”

Паёмбари Худо(с): “Як зани шоиста беҳтар аз ҳазор марди ношоиста аст.”

Паёмбари Худо(с): “Мӯъмин, пас аз тақвои илоҳӣ, баҳрае беҳтар аз ҳамсари шоиста набурдааст.”

Ангезаи дуруст

1. Паёмбари Худо (с): “Ҳар кас барои хушнудии Худо издивоҷ кунад ва барои Худо ба касе ҳамсар диҳад, сазовори вилоят ва дӯстии Худост.”

2. Дар Даоимул-ислом овардааст: Нақл аст, ки ҳазрати Паёмбари Акрам (с) аз издивоҷе, ки барои ғайри ризои Худо ва ҳифзи покдоманӣ бошад наҳй фармуд ва аз издивоҷ барои худситоию шӯҳратталабӣ низ наҳй фармуд.

3. Паёмбари Худо (с): “Се касанд, ки бар Худованд воҷиб аст, ки ононро кӯмак кунад: муҷоҳиди роҳи Худо, бандае, ки барои озодии худ бо мавлояш қарордод бинависад ва бихоҳад ба қарораш амал кунад ва касе ки барои ҳифзи покдоманияш издивоҷ кунад.”

4. Паёмбари Худо (с): “Бо занон ба хотири зебоияшон издивоҷ накунед; зеро чи басо зебоӣ онҳоро ба табоҳӣ афканад. Барои молу сарваташон ҳам издивоҷ накунед, чи басо ки сарваташон ононро ба саркашӣ водорад, балки барои динашон бо онҳо издивоҷ кунед.”

5. Паёмбари Худо (с): “Ҳар кас бо зане ба хотири қудраташ издивоҷ кунад, Худованд ҷуз бар хории ӯ намеафзояд. Ва ҳар кас бо зане ба хотири дороияш издивоҷ кунад, Худованд ҷуз бар нодории ӯ намеафзояд. Ва ҳар кас бо зане ба хотири бузургзодагияш издивоҷ кунад, Худованд ҷуз бар пастии ӯ намеафзояд. Ва ҳар кас бо зане фақат барои ин издивоҷ кунад, ки чашмашро аз ҳарому номаҳрам фурӯ пӯшонад, ё доманашро пок нигаҳ дорад, ё пайванди хешовандияшро барқарор бидорад, Худованд дар он марду зан барои якдигар баракат қарор медиҳад.”

6. Паёмбари Худо (с): “Ба хотири чаҳор чиз набояд бо зан издивоҷ кард: сарваташ, зебоияш, ҳасабу насабаш ва лаззаташ. Пас бар ту бод издивоҷ бо зани диндор!”



1 2 3 4 5 6 7 next