Иртиботи муаассир бо ҳамсар



Қисмати аввал

Ҳар зану шавҳаре бидуни истино мехоҳанд зиндагии муштарак ва босафо ва саодатманде дошта бошанд. Ва барои ёфтани чунин саодате ба дунболи авомили хушбахтӣ мераванд, суол мекунанд, меандешанд ва машварат мекунанд то ба мақсуди худ бирасанд. Барои доштани равобити муваффақ бо ҳамсар нукоти зайл бояд мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирад:

1-Садоқат

Зану мард аз лаҳзаи хостгорӣ то поини умр бояд бидонанд, ки ҳеч кас дилсӯзтар аз шарики зиндагии онҳо нест. Дилсӯзӣ вақте муҳаққақ мегардад, ки садоқат ва ростӣ дар кор бошад.

2-Хостаҳо ва таваққӯоти муносиб

Мусаллам аст, ки инсон дар авоили ҷавонӣ аз таҷруба ва даромад ва дороии андак ва эҳтимолан аз сатҳи ташхиси поини каме бархӯрдор аст. Лизо таваққӯъ доштани манзили шахсӣ ва васоили боло ва рифоҳи дилхоҳ дар ибтидои зиндагӣ хостаи маъқуле нест. Аз ин рӯ зану марди оқил аз ибтидои зиндагӣ зимни пазируфтани ин воқеият, бо матонат ва талош ва улгу қарор додани таҷоруби бузургон ва хирадмандон ва бо ҳамфикрӣ ва дарки авзоъ, зиндагии худро ба сатҳи матлуб мерасонанд.

3-Машварат бо якдигар

Машварат дар умури мухталифи зиндагӣ бо ҳамсар зимни эъломи эҳтиром ба андеша ва фикри вай, боиси тақвияти иртибот ва ташдиди алоқа ва ҳамдилӣ мешавад. Ҳазрати Алӣ (а) дар ин робита мефармояд: «Ҳеч пуштибоне чун машварат нест».[1]

4-Хуб садо задани ҳамдигар

Ҳар як аз зану мард бояд ҳамсари худро ба номе садо кунад, ки ӯ бештар дӯст дорад чӣ исми кӯчак бошад ва чӣ номи хонаводагӣ. Дар садо задан навъи баён хеле муҳим аст. Ҳазрати Алӣ (а) дар ҳамин робита мефармояд: «Баёни ҳар инсоне ҳикоят кунандаи аз маротиби қуввати нафс ва дараҷаи нерӯи равонии ӯст».[2] Ва ҳамчунин дар ҷои дигар мефармояд: «Бо мухотаби худ муаддаб сухан бигӯед то ӯ низ ба шумо бо эҳтиром ҷавоб диҳад».[3]



1 2 next